Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 27 апрел 2017, 08:14

IRS мегӯяд, 'роҳи Душанбе-Хуҷанд пурра боз нашудааст'

27 январ 2014, 16:29

Ҳаракати нақлиёт дар роҳи Душанбе-Хуҷанд, ки рӯзи ҷумъаи 24 январ ба далели бориши барфи зиёд ва фаромадани тарма қатъ гардида буд, ҳанӯз пурра боз нашудааст.

Як масъули IRS (Иноватив Роуд Солюшнз), ки назорат ва ҷамъоварии пули роҳро дар ихтиёр дорад, 27 январ ба “Озодагон” гуфт, ҳоло роҳ аз тарма пок шуда, вале мошинҳо бонавбат аз ду тараф ҳаракат мекунанд. “Бориши барф бештар дар километри 52-72 ба назар мерасад. Чун барф дар роҳ аз ҳад зиёд асту мошинҳо низ хеле бисёранд, барои ҳамин гуфтанд аввал як самтро кушоянд, мошинҳо рафтан гиранд, сабук шавад, баъдан самти дигарро боз мекунанд”,-гуфт мусоҳиби мо.

Масъулони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон низ ин хабарро тасдиқ карда гуфтанд, аз субҳ то нисфирӯзи 27 январ роҳ аз самти Хуҷанд ба Душанбе боз буд ва пас аз зӯҳр ҳаракати мошинҳо аз Душанбе ба Хуҷанд иҷоза дода шудааст.

Тармафароии шадид нимаи дувуми 24 январ дар километрҳои 46, 48, 49, 52, 53, 56, 58, 65, 68, 69, 72-и роҳи Душанбе – Чаноқ ба вуқӯъ пайваста буд. Роҳи Душанбе-Чаноқ танҳо роҳи заминист, ки маркази Тоҷикистонр бо шимоли он пайванд медиҳад. Ҳарчанд дар гарданаи Анзобу Шаҳристон ду нақб бунёд ёфтааст, вале ҳар сол дар фасли зимистон тармафароӣ дар баъзе аз қисматҳои роҳи Душанбе-Чаноқ, бахусус Майхура, монеи ҳаракати мошинҳо мегардад.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • РохСафар

  • 27 январ 2014 17:59
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Э Озодагон бад дар ин хабар нарху навои билетро ба самти Хучанд куш накарди имруз 1 дона билет арзишаш то 700 сомониро баромад кучо адлу инсоф?
Посух додан
  • Дилшод

  • 27 январ 2014 21:00
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар охир як маротиба пулаки буданашро хам зикр мекардед, матн комилтар мешуд.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Апрел 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!