Бахшҳо

Абдиев сарҳадбонони қирғизро дар қатли 11 нафари бесилоҳ муттаҳам кард

Бархе аз вакилони парлумони Қирғизистон эътирози худ алайҳи дастури Хадамоти марзбонии ин кишвар, дар мавриди ба пуррагӣ нобуд сохтани 11 марзшиканро эълон доштаанд.

Курмантай Абдиев, намояндаи мардумии қирғиз аз Ҳизби “Ота-Ҷурт” гуфтааст, ҳанӯз ҳам барои онҳо равшан нест, бо чӣ далел Раҳимбердӣ Дуйшенбиев, раҳбари Хадамоти марзбонии кишвараш барои пурра нобуд кардани сарҳадшиканон амр кардааст. Ӯ мегӯяд, Дуйшенбиев дар ҳоле ба қатли гуруҳи 11-нафарии марзшиканон дар минтақа сарҳадии кишвараш бо Чин дастур додааст, ки ин иқдом ба манфиати Бишкек набуд.

Абдиев бар инаст, ки Душанбиев ба қатли марзшиканоне дастур додааст, ки бо худ ба ҷуз як милтиқи шикорию корд, силоҳи оташфишони дигар надоштанд: “Хуб коре мекунед, ҳанӯз маълум нест, барои пурра нобуд кардани ин гуруҳи 11-нафарӣ чӣ зарурат буд? Ин саволест, ки мардум барои он ҷавоб хоҳанд, хост!”

Ин вакили қирғиз таъкид дошт, ки марзбонони Қирғизистон ба ҷои қатл, бояд ба зинда дастгир кардани марзшиканон талош мекарданд: “ин имкониятро доштанд. Ҳадди ақал бояд, яке аз онҳоро зинда дастгир мекарданд, чун барои мо маълумот даркор буд, на ҷасади онҳо."

Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон, рӯзи 23 январи соли ҷорӣ бо пахши як иттилоия аз даргирии нави мусаллаҳона дар марз хабар дода буд. Ба иттилои ин ниҳод, гурӯҳи марзшиканон, ки корманди хоҷагии шикори ин кишварро кушта, ба марзбонони минтақаи Иссиқ-кӯл мухолифати мусаллаҳона нишон додаанд, дар 40-километрии марзи Қирғизистону Чин муҳосира ва кушта шуданд. Дуйшенбиев рӯзи 24 январ зимни нишасти хабарие гуфта буд, ин гуруҳи 11-нафарии марзшикан ба хотире пурра нобуд карда шуданд, ки як шаҳрванди ин кишварро ба таври ваҳшиёна ба қатл расонида, аз таслим шудан саркашӣ кардаанд.
Мӯҳр
САРФАРОЗ
Ин берахми ва азхуд рафтани марзбонони киргизро бубинед ки 11нафар шахси беаслихаро ба катл расонидаанд о манкуртхио вахшиии бодянишин инхо холо хам вахшигарию кух ба кух гаштанро давом медиханд.Инхоро бояд макомоти к иргиз эъдом кунад вагарнаин дахшат ки ашхоси бесилохро бо с илохи оташфишон эъдом куни.Хок бар сарат дуйшанбиеви манкурт

Шумоён сархадбонон дигпр хеч бахонае надоред, як шаҳрванди ин кишварро яъне Киргизистонро гуё ба таври ваҳшиёна ба қатл расонида буданд, бинобар ин Шумо ин 11 нафари барои паногох чустан ба назди бародарони мусалмони худ омадаро несту нобуд кардед, ин хам бошад бо дастури хамсоягон. Мусалмонони бародарони худро куштед. Хеле кори оли кардед. Бо ин коратон бо як тир 2 фохтак заданиед?
1. Мехохед чашми бародарони Точикистонии худро тарсонед.
2. Мехохед бо ин коратон дили хамсояаатонро ба даст оваред. Аммо барои Шумо чи суд?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)