Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 05:22

Шикасти дастаи то 21-солаҳои Тоҷикистон аз тими Украина

27 январ 2014, 18:17

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-21) дар бозии сеюм ва охирини худ дар сабқати гурӯҳии Ҷоми Иттиҳод-2014 аз ҳамтоёни украинии худ бо ҳисоби 1:4 шикаст хӯрд. Ин бозӣ рӯзи 27 январ дар Санкт-Петербург баргузор шуд.

Даври аввали дидори тими ҷавонони футболи Тоҷикистон бо украиниҳо бидуни гол хотима ёфта, дар тайми дувум бозигарони то 21-солаи Украина ба дарвозаи тоҷикон якбора чаҳор гол ворид карданд. Танҳо голи дастаи ҷавонони футболи Тоҷикистонро Абдурасул Раҳмонов дар дақиқаи 88-уми бозӣ аз ҷаримагоҳ ба ҳадаф расонд.

Ба ин тартиб, Украина бо нӯҳ хол дар гурӯҳи “А” ҷои аввалро соҳиб шудааст. Эстония бо чаҳор хол дар ҷои дувум ва Тоҷикистон, ки ду бозии қаблияшро бо Эстонияву Қирғизистон мусофӣ анҷом дода буд, бо ду хол дар ҷои севум қарор доранд. Дастаи Қирғизистон бо як хол дар ҷои охир мавқеъ дорад.
Мувофиқи дастури Ҷоми Иттиҳод ба даври плей-офф ғолибони гурӯҳҳо ва дастаҳое, ки ҷойҳои дуюмро ишғол кардаанд, роҳ меёбанд. Ду дастаи беҳтарин ҳам, ки ҷойи сеюмро гирифтаанд, ба даври баъдӣ хоҳанд рафт.

Дар Ҷоми Иттиҳод дастаҳо ба се гуруҳ тақсим шудаанд:

Гуруҳи “А”: ТОҶИКИСТОН, Эстония, Қирғизистон, Украина;
Гуруҳи “В”: Литва, Санкт-Петербург, Русия, Молдова;
Гуруҳи “С”: Латвия, Маскав, Беларус, Қазоқистон.

Ҷоми Иттиҳод-2014 24 январ дар Санкт-Петербурги Русия оғоз шуда, то 2 феврал идома мекунад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
брнен аку дам бгирен кати рустами эмомали
Посух додан
  • Восеъ

  • 27 январ 2014 21:23
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Омад-он-чи-ки-ба-сарам-наомада-буд!Кайхо-Точ

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!