Бахшҳо

Раиси Кумитаи андоз сӯхтори бозорҳоро айби раисҳо гуфт

Нусратулло Давлатов, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон сӯхтори бозорҳо дар кишварро омили коҳиши воридоти андоз ба буҷа хонда, дар сар задани онҳо раисони бозорҳо ва мақомоти назоратиро гунаҳкор гуфт.

Давлатов, имрӯз, 28-уми январ, зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт аз бозори “Саховат”-и Кӯлоб, ки ахиран сӯхт, қабл аз сӯхтор дидан карда буд ва камбудиҳои зиёдеро мушоҳида кардааст. Ӯ таъкид намуд, ки дар бозорҳои “Шоҳмансур” ва “Саховат”-и Душанбе низ ҳолатҳои риоя нашудани қоидаҳои истифодаи барқ ба чашм мерасанд: “Дар ин ҷо аз як тараф роҳбарони бозорҳо гунаҳкоранд аз тарафи дигар мақомоти дахлдор, ки ин самтро назорат мебаранд. Пеш аз сӯхтор вақте ба бозори “Саховат”-Кӯлоб рафта будам, он ҷо ягон чиз риоя намешуд, ҳатто гузаштан намешуд. Роҳрав маҳкам карда шуда буд, ки албатта ҳамин гуна чизҳо боиси сар задани чунин ҳолатҳо мешавад”.

Нусратулло Давлатов илова намуд, тоҷирони бозори “Саховат”- и Кӯлоб, ки тариқи патент фаъолият мебурданд, то барқарор намудани макони хизматрасонӣ, аз пардохти маблағи патент озод шудаанд. Раиси Кумитаи андоз иброз дошт, ки дар натиҷаи сӯхтори ин бозор 374 соҳибкорӣ инфиродӣ, ки бо патент фаъолият мебурданд, зарар дидаанд ва онҳо моҳе ҳамагӣ 41 ҳазор сомонӣ андоз месупоридаанд: “Соҳибкороне, ки дар ин бозор бо шаҳодатнома фаъолият менамуданд, ҳамагӣ 162 нафаранд, ки андози месупоридаашон дар як моҳ 65 ҳазор сомониро ташкил медод. Дар маҷмӯъ мо 80- 90 ҳазор сомонӣ аз ин бозор зарар дидаем”.

Нусратулло Давлатов мегӯяд, айни ҳол гурӯҳи кории кумита дар бозори Кӯлоб фаъолият дорад ва ӯ ҳамчунин дастур додааст, ки масъулин барои соҳибкрони ин бозор мушкилӣ пеш наоранд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)