Аз назди таваққуфгоҳи фурудгоҳи ҳавоии шаҳри Душанбе сабукрави тамғаи «Мерседес-Бенс»-ро ба яғмо бурдаанд.
Тавре ба «Озодагон» аз ВКД хабар доданд, Сергей Дзебоеви 45 сола, сокини кӯчаи Саъдӣ Шерозӣ бо ирсоли аризае навиштааст, ки шахсони номаълум пинҳонӣ автомашинаи шахсии ӯро аз кӯчаи Титов рабудаанд. Зимни гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ бо иттиҳоми дуздии автомашинаи мазкур шаҳрвандон Шоҳрух Солиеви 20 сола, сокини кӯчаи Толстой, донишҷӯи бахши 3-юми Академияи андози Федератсияи Русия ва Мария Дзебоеваи 20 сола, сокини кӯчаи Саъдӣ Шерозӣ, донишҷӯи бахши 3-юми Донишгоҳи славиянӣ дастгир шудаанд. Айни замон нисбати ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад. {jathumbnail off}
Мӯҳр