Бахшҳо
10 авг 2011 11:12Сӯҳбати рӯз

Раҷаби Мирзо: Дар 7 соли ахир маро касе задан намехоҳад

Ҳашт сол қабл аз ин, дурусттараш 7-уми августи соли 2003 дар Душанбе нашрияи мустақили «Рӯзи нав» ба табъ расида, дастраси хонандагон гардид. Дар як муддати кӯтоҳ ин ҳафтанома дар фазои иттилоотии Тоҷикистон мақоми хосаеро касб карда, нашрияи серхаридортарини кишвар гардид. Аммо ин нашрия ҳамагӣ як солу як ҳафта умр дид ва шумораи охирини он рӯзи 12-уми августи соли 2004 чоп шуд. Тайи 7 соли ахир сабабҳои мутаваққиф шудани нашри «Рӯзи нав»-ро ба муассису ҳайати эҷодии он касе аз масъулини мақомот то ҳол шарҳ надодааст. Дар ин бора ва дар чанд мавзӯи дигар «Озодагон» сӯҳбате дошт  бо Раҷаби Мирзо (Мараимов), сардабири «Рӯзи нав».    Озодагон: Ба фикри Шумо «Рӯзи нав» то куҷо рӯзномаи муваффақ буд ва асрори мувафаққияти он дар чӣ ифода меёфт? Раҷаби Мирзо: Бовар кунед, чӣ қадар бароям дардовар аст, вақте дар бораи «Рӯзи нав» чун моли замони гузашта ҳарф мезананд. Бале ин воқеият аст, ки рӯзнома 7  сол боз чоп намешавад. Аммо ҳақиқат ин аст, ки рӯзнома ягон ҷурми ҳуқуқиву касбӣ надорад. Аз ин рӯ он баста ҳам нашудааст. Ин ҳолат мисли он аст, ки фарзанди касе дар ҷанг мемирад, аммо азбаски ҷисмашро ба пеши падару модар наовардаанд, онҳо ба ҳеч ваҷҳ бовар намекунанд, ки фарзандашон фавтидаст ва доим чашм ба роҳанд. Ман ҳам умед дорам, ки «Рӯзи нав» ҳатман аз нав дар майдони матбуот фаъол хоҳад шуд. Бигзор бидуни иштироки ман. Ёдатон ҳаст, ки дар як сӯҳбати дигарам гуфта будам: ман омода будаму ҳастам, ки ҷабри чанд латукӯби дигарро ҳам бардорам, аммо танҳо ба «Рӯзи нав» касе кордор намешуд.  Фикр мекунам дар бораи муваффақ будан ё набудани «Рӯзи нав»дигарон, аз ҷумла хонандагонаш ва коршиносон баҳо бидиҳанд, беҳтар ва мантиқӣ мебуд. Ҳарчанд барои ман ҳамчун бунёдгузори он тақрибан ягон мушкилоти молие пеш наовардани рӯзнома метавон гуфт, ки бозгӯкунандаи муваффақияти рӯзнома аст. Зеро  ҳанӯз аз шумораи дуввумаш «Рӯзи нав» тавонист хонандаи зиёдеро фаро бигирад ва худкифо шавад. Баъдтар бошад ҳатто ба манбаи иловагии даромадҳои ман табдил ёфт. Ба сифати сардабир бошад барои ман дар баробари мушкилоти зиёд пеш овардан обрӯи фаровон ато кард. Пас «Рӯзи нав» -ро ман далеле надорам, ки  лоиҳаи муваффақ наҳисобам.   Дар бораи ин рӯзнома, ки воқеан ҳам дарвозаҳои тарсро  дар Тоҷикистон шикаст, назарҳои гуногун вуҷуд доранд. Ҳукумат ва бархе аз ҳукуматгароҳо, тавре ишора кардам, тамоми мушкилоти пешомадаи ҷомеаи шаҳрвандиро ба пайдоиши ин рӯзнома нисбат додан мехоҳанд. Озодихоҳону ислоҳотхоҳон комилан фикри дигар ва баръакс доранд. Пас, дар бораи мақому нақши «Рӯзи нав» ба гумони ман бояд дертар, ҳадди ақалл пас аз он сӯҳбат кард, ки ҳукумати нав ба майдон биёяд.   Озодагон: Лату кӯбе, ки нисбати Шумо анҷом дода шуд, бевосита  ба нашри «Рӯзи нав» рабт дошт, ё ягон ғарази дигар ҳам буд? Раҷаби Мирзо: Замоне, ки дар шаш моҳи соли 2004 ду маротиба ба ман сӯйиқасд карданд, аз ягон кас  қарз надоштам, бо касе  ҷангӣ ҳам набудам, моли касеро ҳам надуздидаву аз худ накарда будам. Яъне барои ғарази дигар, он тавре, ки Шумо мегӯед, заминаву омиле вуҷуд надошт. Пас аз мутаваққиф шудани «Рӯзи нав» ҳам тақрибан ҳамон ҳолати иҷтимоиро дорам, ки он замон доштам. Пас  чаро дар 7 соли ахир (шукри Худо) маро касе задан намехоҳад? Магар ин не ки акнун «Рӯзи нав» фаъол нест?     Озодагон: Чаро  дар замони то андозае ҳассос ба нашри  матолиб ва мавзӯъҳои мамнӯъ даст задед? Инро иродаи мустаҳкам  меноманд ё  «Рӯзи нав» «кришаи» қавӣ дошт? Раҷаби Мирзо: Барои ман ва аҳли қалами «Рӯзи нав» як мавзӯи мамнӯъ вуҷуд дошт: ҳар чӣ ки қонунгузорӣ манъ кардааст ва ба ахлоқи касбиву инсонӣ намеғунҷад. Дигар мавзӯи табӯ надоштем. Ба кормандони «Рӯзи нав», ки аксаран аз ҳисоби журналистони ҷавон ва навроҳ гирд омада буданд, як чиз мегуфтам: Шумо нотарсида нависед, мо нотарсида ташхис мекунем, ки яон қонун нақз шудааст ё не. Воқеан ҳам, «Рӯзи нав» аз шумораи нахустинаш бо созмонҳои ҳуқуқшиносӣ шартномаи ҳамкорӣ дошт, ки кӯмаки ҳуқуқии ройгон анҷом медод. Яъне аз аввалин расонаҳои Тоҷикистон аст, ки базаи ҳуқуқии худро аз ибтидои фаъолият замина гузошт. Инро бояд чунин фаҳмид, ки мо воқеан ҳам як рӯзномаи ҷиддӣ ва бо фарогириву бархӯрди ҷиддӣ ба майдон омадем. Мутаассифона, ҳатто риояи қонун ҳам ба мо кӯмак накард. Тавре Марат Мамадшоев, муҳаррири «Азия Плюс»  ҳолати моро рамзнок шарҳ дод: мо ба маълумоти обуҳавосанҷҳо бовар кардем, ки мегуфтанд «рӯзи офтобӣ хоҳад буд» ва бо худ чатр нагирифтем, аммо дар кӯча борон меборид.Аммо он чӣ ки ба «криша» ё чатрҳо марбут аст. Шояд ёд доред, ки он замон дар бораи «ҳомиёни» зиёде мегуфтанд, ки ба мо гӯё кӯмак кардаанд. Тақрибан шахсияти таъсиргузоре намонда буд, ки бо ин «ҷурм» муттаҳам нашуд: Тӯраҷонзода, Нурӣ, Ғаффор Мирзоев, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, Самариддин Фазлиддинов, Қувват Султон…Вале ҳақиқат ин аст, ки ман ҳеч гоҳ «чатр» -ро дӯст надоштаам. Ҳам ба маънои рамзӣ, ҳам аслиаш. «Криша» ва маблағгузори мо 15 000 хонандаи «Рӯзи нав» буданд, ки ҳар ҳафта нашрияи моро мехариданд ва фаъолиятамонро қавӣ мекарданд. Озодагон: Баъди аз чоп мондани «Рӯзи нав», ки ҳамагӣ як солу як ҳафта идома дошт ва дар ин давра ҳам латукӯб  шудед ва ҳам  бо баста шудани  рӯзнома якбора ин зарбаҳоро ба шикастагии рӯҳияи Шумо сабаб нагашт?  Яъне мисли сармуҳаррири «Рӯзи нав» ҳанӯз ҳам дар касби худ бо иродаи қави  пеш меравед ё аз баъзе ҳолатҳо андеша мекунед? Раҷаби Мирзо: Пурсиданиед, ки ман оё аз кардаи худ пушаймонам?  Ба ҳеч ваҷҳ. Бори дигар мегӯям, ки агар он чиро ки мо анҷом додему касе онро ҷиноят меҳисобад, ман омодаам ин «ҷиноят» -ро аз нав содир кунам.Озодагон: Сабаби аслии мутаваққиф шудани фаъолияти рӯзномаро  дар чӣ мебинед?Раҷаби Мирзо: Дар баробари матбуоти қавӣ худро заъиф дидани мақомоти марбутаи  ҳукумат. Озодагон: Пас аз баста шудани  рӯзномаи «Рӯзи нав» тӯли 7 сол дар куҷо фаъолият доред ва оянда нақшаҳоятон чист? Раҷаби Мирзо: 5 соли аввал комилан бекор будам. Чандин бор ба ҳамкасбонам мегуфтам, агар ба касбияти ман бовар доред, хоҳиш мекунам ба кор қабулам кунед. Ман ҳатто омода будам, ки бо маоши ночизе кор кунам. Танҳо мехостам, ки аз мақоми «ғайрилегалӣ» берун шавам. Дар ин миён тақрибан дар ҳар рӯзномаи навтаъсис ба сифати мушовир ва ғоясоз, аммо ғайрирасмӣ кор кардам. Матлабҳои маро бо имзои худам кадоме аз нашрияҳои фаъол чоп кардан намехост. Аз соли 2008 «Фараж» омода шуд, ки бархе аз матлабҳои ба ҳаводиси сиёсати хориҷӣ марбутбударо нависам ва бо имзои худам чоп кунад. Баъдан як муддати кӯтоҳ дар маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» кор кардам. Аммо пеш аз ин дар ин маҷалла баъзе идеяҳои бандаро роҳандозӣ карда буданд. Яъне ҳамкориҳои мо доманаи фарохтару барвақттаре дошт. Моҳи августи соли 2009 намояндагони радиои «Имрӯз» маро ба кори расмӣ – сармуҳарририи ин радио даъват кард. Як сол он ҷо кор кардам. Азбаски «мушкилоти техникӣ» дар пахши радио ба вуҷуд омад, ба роҳбарияти он гуфтам, ки шояд сабаб дар ман нуҳуфтаасту беҳтараш аз кор меравам. Бубинед, пас аз ин «мушкилоти техникӣ» низ рафъ шуд. Дуруст аст, ки дигар ин радио формати қаблии барномаҳоро низ надорад. То моҳи майи соли 2010 дар нашрияҳои гуногун, аз ҷумла «СССР» ва «Озодагон» матлабҳои муаллифӣ менавиштам. Августи соли 2010 аввалин рӯзномаи ҳаррӯзаи «Имрӯз news» -ро фаъол кардаму то шумораи 57 он зери имзои ман баромад. Айни ҳол дар рӯзномаи «Озодагон» фаъолият дорам. Аммо як лоиҳаи дигаре дорам, ки бо хости Худо ба наздикӣ фаъол хоҳад шуд. Сӯҳбаторо: Мавзуна Абдуллоева{jathumbnail off}
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)