Бахшҳо

Ёдномаи кӯтоҳи Сафар Абдуллоҳ дар бораи Боғшоҳи Лашкарбек

Баъд аз нашри хабари даргузашти Боғшоҳи Лашкарбек, донишманди тоҷик ва раҳбари маркази фарҳангии “Нур” дар Маскав, чанд номаи пурсӯзу гудоз ва таъзияномаи дӯстони ӯро дастрас кардем. Ҳоло яке аз ин номаҳоро, ки пажӯҳишгари тоҷик Сафар Абдуллоҳ аз Қазоқистон бароямон фиристодааст, чоп мекунем.


"Боз як хабари шум мисли тир ба ҷигарам зад. Боғшоҳ аз дӯстони даврони ҷавонӣ ва аз ҳамкорони хубам дар Пажӯҳишгоҳи забону адабиёти Рӯдакии шаҳри Душанбе буд.

Дар тамоми даврони оворагиҳоямон ҷӯёи ҳоли якдигар будем. Боғшоҳ яке аз беҳтарин мутахассиси забонҳои помирӣ буд ва фолклори Вахонро гирдоварӣ карда буд. Бароям даргиликҳои вахониро мехонд ва ҷое, ки намефаҳмидам, шарҳ медод.

Соли 1994 ҳамроҳи устод Давлати Худоназар ва бародари азизам Саидшоҳ Акрамзода дар ҳаволии Маскав меҳмонаш будем. Як бор барои тоҷик буданаш аз дасти миллигароёни шовинист ва фашистмаром, ки "скинхедашон" гӯянд, зарбаи шадид хӯрд ва ба зӯр ҷон ба саломат бурд. Соли 2012 авохири баҳору авоили тобистон ман ӯро барои ширкат дар кори ҳамоиши байналмилалии "Забони порсӣ: дирӯз, имрӯз ва фардои он" ба шаҳри Олмотӣ (Алма-Ато) даъват кардам, ки ҳамроҳи саркорхонуми Молчанова омад ва суханронӣ кард.

Нақшаҳоеро барои ҳамкориҳои баъдӣ бо ҳам матраҳ намудем ва баррасӣ кардем. Ин бародари азиз мӯреро намеозурд, завқи зистан дошт ва... ҳоло намедонам, чӣ сарнавиште дорем, мо тоҷикон, ки фарзандони фарзона ва диловари мо дар ғарибӣ "ҷон ба сахтӣ" медиҳанд.

Дареғу сад дареғи Боғшоҳи азиз, ки нақшаҳои амалӣ нашудаашро ба гӯр бурд ва ҳама дӯстонашро дар сӯг нишонд! Ҷоят ҷаннат ва гӯрат пурнур бод, бародари азиз!"

Сафар АБДУЛЛОҲ,
Қазоқистон
Мӯҳр
Восеъ
чоят чанат бошад дастпарвари мактаби бузурги ховаршиносии шуравии-Гафуров-Абдулгани Мирзоев!

Икромзода
Вокеъан ин гуна ашхос фарзандони миллати сарбаланди точиканд.Бо саводу дониш ва биниши худ.Рухониёни сарбаланди хоричиро имруз бесаводии уламои дини точик сахт ба хайрат овардааст.Муллохо саводро аз олимони дуняви омузед!Механпарастиро низ!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)