Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 13:12

SoS: Муҳоҷири 18-солаи тоҷик дар пулисхонаи Маскав худро "овехтааст"?

11 август 2011, 03:00

Тоҷикписар дар яке аз пулисхонаҳои шаҳри Маскав худро овехтааст.


Дар ин бора Каромат Шарифов, раҳбари Ҷунбиши «Муҳоҷирини кории точик»  ба хабарнигори масковии «Озодагон»  хабар дод. Бино ба маълумоти ин манбаъ, сокини шаҳри Душанбе Муҳаммадӣ Бобоев, соли таваллудаш 1993, аз сўи пулис дар майдони Комсомол - назди 3 вокзали Маскав (Қазон, Ярославл ва Ленинград) боздошт шуда, барои санҷиши ҳуҷҷатҳо ба қароргоҳи пулис оварда мешавад. Муфаттиши ШКД Александр Ларков ба писарамаки Муҳаммадӣ Бобоев -Хисрав Давлатов рўзи 6 август занг зада, дар хусуси боздошти ӯ ва бурда шуданаш ба пулис хабар дода, гуфтааст, ки Муҳаммадиро рўзи 26 июли соли 2011 ба ШКД оварда будаанд, аммо субҳи рўзи 27 июл ўро, ки гўё бо истифодаи ҷиҳози хоб   (простин) худро овехта бошад, пайдо кардаанд. Ҳангоми  муайян кардани шахсияти ҷасад Хисрав Давлатов дар бадани писарамакаш Муҳаммадӣ Бобоев ҷароҳатҳои зиёд, дар гулўяш хати борикро, ки аз овехта шуданаш бо банд ё сим далолат мекард, на ки аз простин, мушоҳида кардааст.

Дар ҳамин ҳол, Хисрав Давлатов марги Муҳаммадиро маҷбурӣ хонда гуфтааст, писарамакаш наметавонист, худро бесабаб дар боздоштгоҳи пулис биовезад. Ҳамчунин, ҷунбиши «Муҳоҷирини кори тоҷик»  гуфтааст, барои дақиқ кардани сабабу тариқаи марги мармузи ҷавонмарг, Муҳаммадӣ Бобоев  талош хоҳад кард.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!