Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 07:24

Дипломати итолиёӣ Душанберо тарк мекунад

11 август 2011, 03:58

Вазири умури хориҷаи кишвар баъд аз зӯҳри дирӯз Ҷованнӣ Риччулӣ, сафири фавқулодда ва мухтори Италия дар Тоҷикистонро ба муносибати анҷоми мӯҳлати кори дипломатиаш ба ҳузур пазируфт.


Тавре ба «Озодагон» аз вазорати корҳои беруна иттилоъ доданд, зимни нишаст Ҳамрохон Зарифӣ ба фиристодаи Рим дар Душанбе барои кори самарабахш ва бомуваффақияташ дар ростои таҳкими муносибати дуҷониба арзи сипос карда, қайд намуд ки ҳамкории Тоҷикистону Италия дар айни ҳол хушбинкунанда аст, аз ҷумла муносибати иқтисодӣ ва тиҷҷории дуҷониба қобили қабул арзёбӣ мешавад.

Ҳамзамон иброз гардид, ки дар оянда низ тавсеаи ҳамкориҳо имкон дорад ва аз имконияти мавҷуда то ҳанӯз пурра истифода нашудааст. Дипломати итолиёӣ дар навбати худ аз вазир ва вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон барои ҳамкориҳои муфид ва дастгирии ӯ дар кори сафирӣ изҳори қаноатмандӣ карда, ояндаи ҳамкориҳои ду кишварро дар бахшҳои мухталиф муфиду ба нафъи тарафайн арзёбӣ кард.     {jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!