Парламенти Британияи Кабир ба баррасии масоили марбут ба раҳпаймоӣ, ошӯб ва ғоратгариҳои чанд рӯзи ахири Лондон шурӯъ мекунад.
Тибқи иттилои расонаҳои хориҷӣ имрӯз дар пойтахти он кишвар ҷаласаи вижаи парлумон оғоз гардида, нахуствазир Девид Кемерон дар ҳузури депутатҳои «аз истироҳат баргашта» суханронӣ хоҳад кард. Кемерон гуфтааст, «зарбаҳои ҷавобӣ» алайҳи ошӯбчиёну тазоҳургарони намоиши оммавӣ, ки ба бетартибиҳо сабаб гардид идома доранд. Нахуствазири Британия, ки худаш ҳам пеш аз мӯҳлат аз истироҳат ба ватан баргаштааст, афзудааст, «ҳукумат ба бадтарин хушунатҳои сӣ соли охири Британия хотима мегузорад, барои ин ба пулис иҷоза дода шудааст, ки аз василаҳои махсус истифода кунанд, ки то имрӯз аз он шева дар Англия истифода нашуда буд, масалан аз мошинҳои обпошӣ ва тирҳои пластикӣ (резинӣ).
Бино ба навиштаи расонаҳо вазъият дар Лондон дар айни ҳол ором аст, аммо дар минтақаҳои дигари кишвар даргириву ошӯбҳо идома дорад. Мақомоти интизомӣ гуфтаанд, то ин замон беш аз 1000 нафар боздошт гардида, мавриди пурсуҷӯ қарор доранд. {jathumbnail off}
Мӯҳр