Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 08:03

Дар Украина китоб ва DVD-диск дар бораи Тоҷикистон ба нашр мерасад

11 август 2011, 05:13

Сафорати Тоҷикистон дар Украина бахшида ба 20-солагии истиқлолияти   ҷумҳурӣ бо забони укроинӣ китоберо омодаи нашр сохтааст.


Тибқи иттилои вазорати умури хориҷа дар ин китоб оид ба таърихи 20-соли ахири Тоҷикистон, мушкилоти низои шаҳрвандии солҳои 1992-1997, марҳилаи расидан ба сулҳу субот, барқароршавӣ ва ислоҳоти иқтисодиёти миллӣ, ҳамчунин ҳал намудани масъалаҳои стратегӣ, аз қабили дастрасӣ ба истиқлолияти энергетикӣ нақл карда мешавад. Бахши махсус дар бобати ҳамкориҳои байналхалқии Тоҷикистон бо кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла муносибатҳои дуҷониба бо Украина, рушди ҳамкории иқтисодӣ ва васеътар кардани муносибатҳо дар ҳама соҳаҳо бахшида шудааст.

Манбаъ афзуд, қисми ниҳоии китоб аз таърихи бой ва фарҳанги Тоҷикистон, ёдгориҳои нодир ва ҷойҳои тамошобоби кишвар нақл мекунад. Дар ин бахш дар бораи табиати биҳиштосои сарзамини мо, кӯҳҳои осмонбӯс ва дарёҳо, олами наботот сухан меравад. Китоб  бо расмҳои пурнақшу нигор оро дода шуда, нашрияи ҷашнии он ҳамроҳ бо DVD-диск дар бораи Тоҷикистон, зимни таҷлил аз иди истиқлол дар шаҳри Киев тақсим карда мешавад.  {jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!