Масъулини Бонки миллии Тоҷикистон афзоиши таваррумро ба болоравии нархи маҳсулоти воридотӣ, аз қабили сўзишворӣ, гандум, орд ва равған рабт медиҳанд.
Тавре аз маркази матбуотии ин бонк ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, дар ҳафт моҳи соли равон сатҳи таваррум дар Тоҷикистон ба 7,7 %- расидааст. Бино ба маълумоти манбаъ, таварруми моҳона бошад, тайи як моҳи июли ба 0,5 % баробар шудааст. Дар маҷмўъ сатҳи таваррум дар як соли ахир ба 14, 1 % расидааст.
Манбаъ мегӯяд, яке аз нишондиҳандаҳои муҳими молиявӣ- меъёри бозтамвил мебошад, ки дар моҳи июли соли 2011-ум 9, 0 %-ро ташкил додааст. Аз рўи нишондодҳои 6 моҳаи аввали соли равон бошад, меъёри таваррум 7, 8% ро ташкил намудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,3% зиёд мебошад. {jathumbnail off}
Мӯҳр