Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 19:38

Низоми қабул ба донишгоҳҳо бознигарӣ мешавад

12 май 2011, 06:47

Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон бо муовини вазири улум, таҳқиқот ва  фановарии Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Ҳусейндоириманиш ва гурӯҳи кории ҳамин вазорат мулоқот анҷом дод.

Тавре ба хабаргузории «Озодагон» котиби матбуоти вазорат,  Ноилшо Нуралиев иттилоъ дод,  ҷонибҳо  таҳким бахшидани ҳамкориҳоро дар самти қабули шаҳрвандони Тоҷикистону Эрон ба муассисаҳои олии ҳар ду кишвар тибқи бурсияҳо ва табодули таҷрибаи устодони муассисаҳои олӣ вобаста ба такмили ихтисос ва истифодаи таҷрибаҳои илмӣ  мавриди баррасӣ қарор доданд.  Қарор шуд, ки дар низом ва мӯҳлати қабул ва интихоби довталабони арзанда ба муассисаҳои олии касбӣ  тағйиротҳо ворид намоянд. Масъалаи мазкур дар гурӯҳҳои кории ҳар ду вазорат мавриди омӯзишу баррасӣ  қарор хохад гирифт. Мавриди зикр аст, ки ҳайати меҳмонон  аз муассисаҳои олии касбии пойтахт дидан карда, бо фаъолияти онҳо  ошно хоҳанд шуд.

{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!