Бахшҳо

Президенти Тоҷикистон ба райисони аҳзоби сиёсӣ медал тақдим кард

230 нафар кормандони соҳаи тандурустӣ, хизматчиёни давлатӣ, собиқадорони меҳнат ва ходимони ҷамъиятӣ бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд.


Тибқи иттилои хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон  онҳоро  табрику таҳният гуфта, изҳор дошт, ки ҳар яки онҳо дар 20- соли истиқлолият  барои таҳкими асосҳои давлатдории навини тоҷикон саҳми намоён гузоштаанд. Қаҳҳор Маҳкамов, Иззатулло Ҳаёев,  Акбар Мирзоев, Сайдулло Хайруллоев, Султон Мирзошоев, Талбак Назаров,  Раҳмат Қудратов ва дигарон аз ҷумлаи собиқадоронеанд, ки ба гирифтани ин нишон шарафманд гаштаанд.       

Манбаъ афзуд, ҳамчунин роҳбарони ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ, аз ҷумла раиси ҳизби коммунистии Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов, раиси ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Олим Бобоев, раиси ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Абдуалим Ғаффоров, раиси ҳизби аграрии Тоҷикистон Амир Қароқулов ва муовини раиси ҳизби халқӣ - демократии Тоҷикистон Асрор Латипов бо мукофотҳои давлатӣ қадр карда шуданд.

Ҳамзамон, 20 нафар кормандони соҳаи тандурустӣ барои хизматҳои шоёнашон дар рушди илму амали бахшҳои гуногуни тиббӣ ва ҳифзи сиҳатии мардуми кишвар бо медали Хизмати шоиста, медали Шафқат ва дигар мукофотҳои давлатӣ сарфароз карда шуданд. Хизматҳои арзандаи раисони вилоятҳо, аз ҷумла вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилояти Суғд ва вилояти Хатлон ва роҳбарони як қатор шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла ноҳияҳои тобеи марказ ҳам  бо мукофотҳои давлатӣ қадр карда шуд. Миёни онҳое, ки имрўз бо фармони президенти бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд, ҳамчунин як қатор варзишгарони маъруф низ ҳастанд.  {jathumbnail off}
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)