Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 23:27

Барои эҳтиёҷмандон дар Дашти Қозии Панҷакент замин ҷудо мегардад

11 август 2011, 11:38

Тибқи иттиллои кумитаи заминсозии шаҳри Панҷакент, ҷамоати деҳоти «Ёрӣ»    барои эҳтиёҷмандон 125 гектар замини наздиҳавлигӣ ҷудо намудааст.


Дар ҳамин ҳол, сокинони деҳаи Дашти Қозии ин ҷамоат, ки дар назди деҳаашон замини чарогоҳ ва лалмӣ надоранд, ба ин фонди манзил шомил нагардидаанд. Дар деҳаи Дашти Қозӣ 1.671  аҳолӣ истиқомат дошта, 160 нафар эҳтиёҷмандон барои гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ пешниҳод гардидаанд, ки комиссияи ҷамъиятии шаҳри Панҷакент аз ин шумора танҳо 108- нафарашро ҳамчун эҳтиёҷманд ба қайд гирифтааст.

Манбаъ афзуд, дар асоси мактуби раиси ҷамоати «Ёрӣ» ҷиҳати тақсими қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҳамаи ҳуҷҷатҳои заминсозии ин ҷамоат аз ҷониби мутахассисони кумитаи заминсозии шаҳри Панҷакент таҳлил карда шуда, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Панҷакент ирсол гардидаанд. Аз рўи ин ҳуҷҷатҳо ба нафарони эҳтиёҷманд аз ҳисоби заминҳои ғайрикишоварзии хоҷагии ҷамоати Гулбойи деҳаи Дашти Қозӣ қитъаи замини наздиҳавигӣ ҷудо хоҳанд кард. Додану гирифтан ва вобастакунии қитъаи заминҳои ғайрикишоварзӣ тибқи талаботи моддаи 7 ва 26-и кодекси замин ба салоҳияти  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Панҷакент гузошта шудааст.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!