Бахшҳо
11 авг 2011 12:36Гузориш

Кишоварз дар «баҳри қарз»

Мо мамлакати саноатӣ нестем, агросаноатӣ ҳам нестем, як кишвари ақибмондаи кишоварзием. Нархҳои мо бошанд,  «осмонӣ» шуда истодаанд, аммо маоши мо ҷаҳонӣ нест! Маоши мо ҳатто амрикоӣ нест, евро ҳам нест, ҳамин сомонӣ аст, ки ҳоло қурбаш номаълум ; воқеист ё ғайривоқеӣ.



Барои кишти як гектар замини кишоварзӣ ба ҳисоби миёна 6 ҳазор сомонӣ маблағ сарф мешавад. Ин дар ҳолест, ки бо боло рафтани нархи сӯзишворӣ хароҷоти кишоварзон низ афзоиш меёбад. Соли ҷорӣ кишоварзон аз боло рафтани нархи сӯзишворӣ бештар изҳори нигаронӣ мекунанд. Зеро ин боиси боз ҳам афзоиш ёфтани хароҷоти соҳаи кишоварзӣ гашта, ба арзиши аслии маҳсулот таъсири манфӣ мерасонад. Бар замми ин барои машғулият дар ин соҳа хавферо ба вуҷуд меорад. Деҳқонон аз хароҷоти зиёде, ки барои ёфтани техникаву киро кардани он, харидани сӯзишворӣ, ҷуфти замин, харидани нуриҳои минералӣ ва тухмӣ сарф мегардад ва андози об, андоз аз замин, аз маҳсулоти кишоварзӣ, андоз аз фурӯш ситонида  мешавад, ҳарос доранд. Дар сурате, ки ба соҳаи кишоварзӣ тағйирёбии иқлим, малах ва ҳар гуна офати табиӣ таҳдид мекунад, хатари камҳосилӣ метавонад боис ба он гардад, ки бо ин хароҷоти миёншикан деҳқон дар баҳри қарз ғарқ шавад.

Муовини раиси Кумитаи андоз, Аюбҷон Солиев дар як сӯҳбаташ гуфт, ки барои кишоварзони ба ҳайси шахси ҳуқуқӣ фаъолиятбаранда, ки маҳсулоташонро барои фурӯш пешниҳод мекунанд, дар супоридани андоз сабукӣ дода шудааст.

Ин дар ҳолест, ки аз рӯи гуфтаи бархе аз кишоварзон теъдоди андоз ҳоло ҳам кам нест. Сайфиддин Рӯзиев, як нафаре, ки ба фаъолияти кишоварзӣ машғул аст, дар сӯҳбат бо мо гуфт, ки андозбандӣ вобаста ба зироат тақсимбандӣ шудааст. Андози ягонаи пахта аз замин дар як сол барои як гектар то 100 сомонист. Андоз барои дигар намуди зироатҳо аз 187 то 200 сомонист. Андози хизматрасониҳои обтаъминкунӣ бошад, барои замини пахтазор дар як га 100 сомонӣ ва барои дигар зироатҳо 160 сомониро ташкил медиҳад. Андоз аз шахсони ҳуқуқиву воқеӣ ҳам ҳаст, ки 8 фоиз аз музди меҳнат ситонида мешавад. Андози иҷтимоӣ 26 фоизро ташкил медиҳад, ки аз ҳаҷми умумии музди меҳнат ҷудо карда мешавад. Ҳар як аъзо бояд аз музди меҳнати худ ҳар моҳ 26 % андоз супорад.

Дар мавриди гаронии андоз баъзе аз масъулини ниҳодҳои давлатӣ низ нигаронӣ мекунанд. Юсуф Султоноёбов, муовини вазири кишоварзӣ мегӯяд, деҳқононе, ки ба ҳайси шахси ҳуқуқӣ неву ба сифати деҳқони танҳо дар алоҳидагӣ ба замин сару кор мегиранд ва барои таъмини ниёзи худ ба кишту ҷамъоварии маҳсулот машғуланд, нисбати онҳо сабукӣ дода нашудааст. Онҳо нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ, ки дар шакли хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият мебаранд, андози бештар месупоранд.  

Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон на ҳама деҳқонон соҳиби гектарҳо заминанд ва шароити обтаъминкуниву ҳосилхезии замин низ дар минтақаҳо фарқ мекунад ва бо хароҷоти зиёде аз замини камҳосил фоидаи зиёд ба даст овардан ғайриимкон аст, ки дар ин сурат барои пардохти андозҳо ҳам маблағ дарёфт кардан кори душвор аст. Баъзеҳо мегӯянд, ки нарх боло равад, деҳқон зарар намебинад, зеро маҳсулоташро қиматтар мефурӯшад. Аммо ба андешаи коршиносон вақте нархҳо қимат шавад қобилияти харидории мардум паст мегардад, ки аз харидории баъзе намуди маҳсулот даст мекашанд ва харидории қисме аз маҳсулот худдорӣ мекунанд, ки дар натиҷа деҳқон зарар мебинад.

Деҳқон ғулом нест…
Дар ҳамин ҳол ба андешаи бархе аз таҳлилгарон на танҳо мушкил дар андозбандист, балки ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ҳам дучори проблемаҳои зиёд аст. Зеро имрӯз деҳқонро дар замин ба мисли ғулом кор мефармоянд, ки бо ин шева ҳаргиз кишоварзӣ рушд нахоҳад кард. Таҳлилгари тоҷик, Нуралӣ Давлат чунин мешуморад, ки ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ аз оғоз нодуруст сурат гирифта буд ва то ҳол бо ин шакл идома дорад. Замин дар дасти деҳқони воқеӣ нест, гарчанде барои кор кардан дар замин имкониятҳои зиёд вуҷуд дорад. Мақомоти давлатӣ аз рӯи талаботи Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмиллалии асъор ислоҳоти кишоварзиро ба роҳ монданд, ки ба манфиати мардум набуд. Вале аз баски қарздор буданд, ноилоҷ шартҳои ин созмонҳои молиро иҷро мекарданд ва мкунанд. Вай мегӯяд: «Агар мо ҷиддан машғул шавем, имконияти бо гандум, картошка ва баъзе маҳсулоти асосӣ таъмин кардани аҳолӣ вуҷуд дорад. Танҳо барномаи рушди кишоварзӣ бояд дуруст таҳия гардад. Бо техника ва нуриҳои минералӣ таъмин шавад, қувваи кории арзон, замин ва об дорем. Ҳудуди 70 дар сади мардуми мо дар деҳот зиндагӣ мекунанд. Мо мамлакати саноатӣ нестем, агросаноатӣ ҳам нестем. Як кишвари ақибмондаи кишоварзием, ки агар давлат барои рушди соҳа шароит фароҳам кунад, деҳқонон аз ӯҳдаи кор мебароянд. Нархҳои мо «осмонӣ» шуда истодаанд. Агар ҳамин хел рафтан гирад, нархҳои мо баробари нархҳои ҷаҳонӣ мешаванд. Маоши мо ҷаҳонӣ нест! Маоши мо амрикоӣ нест, евро ҳам нест, ҳамин сомонӣ аст, ки ҳоло маълум нест, ки қурбаш воқеист ё ғайривоқеӣ».

Ахиран бо мақсади ислоҳот ворид кардан дар кодекси андоз масъулини Кумитаи андоз хостори дархосту пешниҳодҳои мардум ва дигар ниҳодҳо шуданд, ки лоиҳаи қонун бояд дар таҳрири нав қабул шавад. Аммо дар гузашта ҳамин хел таҷриба буд, ки андешаи андозсупорандагонро бояд ба инобат мегирифтанд, вале намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ  изҳори нигаронӣ карданд, ки ислоҳотро боз аз рӯи хости худ қабул кардаанд.
Исфандиёр Халилӣ{jathumbnail off}
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)