Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 00:38

БРО ба Тоҷикистон 845 миллион доллар кӯмак кардааст

12 август 2011, 04:26

Бону Лакшми Венкатачалам, ноиби президенти Бонки Рушди Осиё (БРО) рӯзи 11-уми августи соли равон ба Душанбе барои анҷоми як сафари расмии дурӯза ворид гашт.


Дар ин бора ба «Озодагон» аз дафтари тоҷикистонии ин ниҳоди байналмилалӣ иттилоъ доданд. Ба қавли сарчашмаи хабар, Лакшми Венкатачалам, ки барои нахустин бор аз Тоҷикистон дидан мекунад, имрӯз бо ҳайати баландпояи ҳукумати кишвар дар Душанбе мулоқот мекунад.Зимни ин нишаст масоили марбут ба кӯмаки БРО ба бахши иқтисодии Тоҷикистон, инчунин баррасии иштироки ин ниҳоди молии ҷаҳонӣ дар пружаҳои сектори хусусӣ дар назар аст. Ҳадаф аз барномаи кӯмаки БРО ба Тоҷикистон беҳдошти сохтор, рушди бахши инфиродӣ ва густариши равобити бештари минтақавӣ мебошад.

Маврид ба ёдоварист, Бонки Рушди Осиё шурӯъ аз соли 1998 татбиқи лоиҳаҳои худро дар Тоҷикистон оғоз карда, тайи ин муддат маблағи баробар ба 845 миллион $- ро дар шакли қарзи имтиёнок ва кӯмакҳои фаннӣ  ба ҷумҳурии мо ироа кардааст.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!