Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 16:54

Кишан Кумар Новар ва Шералӣ Хайруллоев аз ҳамкориҳои низомӣ қаноатманданд

12 август 2011, 04:38

Ҳамкориҳои низомӣ ва ҳарбӣ-техникии байни Тоҷикистону Ҳиндустон баррасӣ гардид.


Дар робита ба ин мулоқоти Шералӣ Хайруллоев, вазири мудофиа бо ҳайати намояндагии низомии ҷумҳурии Ҳиндустон, ки таҳти роҳбарии муовини сардори ситоди қувваҳои ҳарбӣ ва ҳарбии ҳавоии ин кишвар маршали авиатсия Кишан Кумар Новар бо сафари серӯза дар Тоҷикистон қарор дорад, сурат пазируфт. Дар ин бора  Фаридун Маҳмадалиев, сардори дафтари матбуотии вазорати мудофиа ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод.

Маҳмадалиев афзуд, зимни ин нишаст ҷонибҳо асосан вобаста ба масоили вазъи кунунии қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, нақшаву тарҳҳои амалигаштаи ду кишвар дар мавриди ҳамкориҳои низомӣ дар давоми ин солҳо, рушду нумуъи муносибатҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ, омодасозии кадрҳои низомӣ, табодули иттилооту таҷрибаомӯзӣ дар муборизаи муштараки зиддитеррористӣ ва дигар масоили марбут ба нақшаву дурнамои ҳамкориҳои низомии Тоҷикистону Ҳиндустон мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифт.Доир ба масоили густариши минбаъдаи ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии ҷонибҳо миёни Шералӣ Хайруллоев ва Кишан Кумар мубодилаи афкор сурат гирифта, ҷонибҳо аз сатҳи муносибатҳои низомии дуҷониба ва аз муваффақиятҳои дар ин самт ба даст омади изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Маврид ба тазаккур аст, ки ҳамкориҳои низомии Тоҷикистону Ҳиндустон аз соли 2002  оғоз гардида, тайи ин муддат рӯ ба рушд қарор доранд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!