Бахшҳо
12 авг 2011 06:31Иҷтимоӣ

Тарсу?

Дар телефонҳои ҳамроҳ  пайдо шудан ва дар як муддати кўтоҳ густариш ёфтани навори видеоие, ки миллатгароёни рус муҳоҷири меҳнатии тоҷикистониро мавриди лату кўб қарор медиҳанд, мисли оби сарде бар сари аҳли зиёи тоҷик рехт.


Қабл аз ин ҳам чунин наворҳо аҳён- аҳён пайдо мегаштанд, аммо даҳшате, ки дар ин сабт дида мешавад, ҳамто надорад.
Муҳоҷирати меҳнатӣ як амри табиие барои қарнҳои ахир маҳсуб мешавад. Намояндагони ин ва ё он кишвар барои анҷоми корҳои мавсимӣ ва дарёфти маоши беҳтар ба мамлактҳои дигар мераванд. Аммо фарқ дар он аст, ки муҳоҷирони меҳнатии дигар кишварҳо тибқи қарордод ва тавофуқномаҳои байнидавлатӣ ба ин кор даст мезананд ва онҳо  аз тамоми ҳуқуқ, бимаҳои тиббӣ  ва имконоти дигар бархўрдоранд. Муҳоҷирати меҳантӣ дар кишавари мо ба таври стихиявӣ, бидуни ҳеҷ қавонин сурат мегирад ва имтиёзеро, ки Русия барои Тоҷикистон додааст, дар муқоиса бо теъдоди муҳоҷирон хеле камтар аст. Аз ин рў, аксари муҳоҷирони меҳнатӣ бидуни таҳия ва сабти аснод дар ин ё он ширкат ба таври ғайрирасмӣ фаъолият менамоянд ва бо даст додани аввалин имконият, корфармо ё маоши онҳоро пурра пардохт намекунад, ё умуман аз маҳалли кор меронад.

Иллати ба ин ҳол гирифтор  шудани ҳамшаҳриҳои мо ин надонистани ҳуқукҳои худ ва забони русӣ аст. Зеро аксаран занон, духтарон ва ҷавонони деҳотие имрўз даст ба муҳоҷирати меҳнатӣ мезананд, ки на танҳо забону ҳуқуқро намедонанд, балки аз оддитарин қавонини муошират бархўрдор нестанд. Онҳо қабл аз мусофират ба сохторҳои марбута дар Тоҷикистон муроҷиат накарда, ба зангҳои телефонии ҳамсояҳо, хешу пайвандон ва ё ҳамшаҳрие  иктифо менамоянд.
Ҳамчунин дар қатори ҷавонон аз сабаби ба кор таъмин набудан, дар шароити феълӣ пирамардони аз 70 сола боло, модарони ба синни нафақа расида ва писарону духтароне мераванд, ки ҳанўз ба балоғат нарасидаанд. Бинобарин онҳо дар мусофират аксаран аз ҷониби миллатгароёни рус, ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Русия ва ҳамзамон аз ҷониби ҳамшаҳриҳои худ мавриди фиреб ва хушунат қарор мегиранд. Фиреб  имрўз ба тавре муд шудааст.

Аз ҷониби дигар, ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи тоҷикистоние, ки дар шароити феълӣ дар Русия фаъолият доранд, аз имконоти кории худ барои ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандони дар муҳоҷиратбудаамон пурра истифода намебаранд ва имкони фаро гирифтани ин кишвари бузургро ҳам надоранд. Дар ин маврид наметавон танҳо як тарафро муқассир номид, зеро ҳам шаҳрвандони тоҷикистонӣ дар ин сохторҳо сабти ном намешаванд ва ҳам фаъолияти ғайриқаноатбахши сафорат ва консулгариҳоиямонро наметавон нодида гирифт.

Аммо масъалаи мушкили муҳоҷирони меҳнатӣ паҳлўҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ низ дорад. Суоле пеш меояд, ки чаро замони шўравӣ нафароне, ки аз Тоҷикистон ба Русия барои таҳсил ва ё кор мерафтанд, мавриди эҳтироми мардуми бумӣ қарор доштанду имрўз онҳо ба ин осонӣ мавриди таҳқир ва хушунат қарор мегиранд? Ба хусус, дар мавриди ҷавонмардони тоҷикистонӣ «ҳарф»- е набуд. Онҳо бо ҷавонмардӣ, кордонӣ, дониш ва ҷасорати худ ном мебароварданд. Илова бар иллатҳои мазбур дар мавриди беэҳтиромӣ нисбат ба ҳамшаҳриҳои мо, масъалаи нигаронкунандаи дигар ин ба тарсу табдил ёфтани аксар ҷавонон мебошад. Дар навори видеоӣ се нафар миллатгарои рус ҷавонеро лату кўб мекунанд, аммо ў дар посух танҳо аз дард доду вой мегўяду ба мисли зан гиря мекунад, аммо амале дар муқобили онҳо анҷом намедиҳад. Мушаххасан,  миллатгароён чандон ҷавонони ҳузарб нестанд ва дар ҳолати худро ба даст гирифтан, метавон аз онҳо ба осонӣ раҳо шуд, ё баръакс онҳоро мавриди лату кўб қарор дод. Аммо тааҷҷубовар он аст, ки ин муҳоҷири тоҷикистонӣ баъд аз задани муште худро ба замин мепартояд ва имкон медиҳад ўро бо санг ба сараш зананд. Ин амали тарсуёнаи муҳоҷир барои ман муаммост. Намефаҳмам, чӣ тавр мард метавонад ин қадар тарсу ва ё аблаҳу галў бошад, ки рўйи замин бихобаду имкон диҳад, ки чанд нафар авбоши маст вайро азият кунанд? Изофа бар ин, онҳо ба ў фишор меоранд, ки худашро аз болои пул ба пойин андозад. Дар посух ба ҷойи онҳоро задану фирор кардан, ин муҳоҷири бадбахт танҳо зораю тавалло мекунад. Чаро охир? Ў ба осонӣ метавонад се миллатгарои майзадаро бо чанд мушт ба замин бихобонад, аммо вай нола сар медиҳад? Чаро ҷавонони тоҷик дар хиёбонҳои пойтахт ба ҷойи роиояи ахлоқ ва роҳ додан ба ҳам ва ба модарону калонсолон мисли «буқа» синаро паҳну пеш карда, аз роҳ аввал шуда мегузаранду дар мусофират, ки ҷойи ору номус аст, занвор дар муқобили мардони дигар миллатҳо гиря мекунанд? Барои чӣ тоҷике, ки аз тифлӣ волидайн барояш достонҳои қаҳрамонии «Шоҳнома» -ро мехонданду дар зандагӣ бо ҷавонмардӣ ном мебароварду ҳатто мардона мемурд, имрўз ба ноҷавонмард ва тарсу табил ёфтааст?

Солҳо дар мусофират будаам ва метавонам аз амалҳои ноҷавонмардонаи ҳамшаҳриҳоямон мисолҳои зиёде биорам, аммо мехоҳам ин ҷо сари ин масъала ҳарф бизанем, ки чаро вақте миллатҳои дигар барои кор ба Русия мераванд, агар миёнашон дар ватан нофаҳмие ҳам вуҷуд доштааст, онро фаромўш мекунанду дар ғарибӣ ба мисли ду бародар аз ҳам мувозибат менамоянд, аммо тоҷик ба ҷойи дастгирӣ намудани ҳамватан талош меварзад, то ўро бифиребад ва ё ғорат кунад? Кор ба ҷойе расидааст, ки баъзе ҳамватанони «ботаҷриба» - амон нафарони тоза ба Русия рафтаро гўл зада, паспортҳояшонро мегиранду онҳоро бо 100 дуллор ба миллатҳои дигар ба ғуломӣ мефурўшанд. Оё аз ин бадбахттар миллат ва аз ин зишттар амалеро дар рўйи замин пайдо кардан мумкин аст?

Чаро то имрўз иқрор намешавем, ки оқибатҳои дигари бадбахтиҳои замони ҷанги шаҳрвандӣ акнун рух заданд? Чаро намегўем, ки садои тасмачархҳои танкҳо, тирпаррониҳо ва кушторҳои ғайриинсонӣ дар вуҷуди модарон ва духтарони кўчак, ки акнун ба синни зоиш расидаанд, ҷо гирифтаву ҳоло «аз худ дарак» медиҳанд? Чаро барои пешгирӣ ва муолиҷа  кардани он аз дониши равонпизишкон истифода намекунем? Барои чӣ агар бемории иҷтимоъиро пешгирӣ нанамудаем, имрўз онро ташхис ва муолиҷа намекунем? Чаро таҷрибаи талхи таърих моро чизе намеомўзад? Ё мехоҳем ҳамду саноро дар дохили кишвар идома диҳему дар хориҷ аз он бо номҳои Ҷамшуду Равшан шинохта ва дар таърих сабти ном шавем?

Эмомалӣ Сайидамирзод{jathumbnail off}
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)