Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 02:15

Йоханес Бушмаер ва ширкати ӯ барои Тоҷикистон мутахассис омода мекунанд

15 август 2011, 03:51

Дар вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мулоқоти  Фаррух Ҳамралиев бо Йоханнес Бушмаер, директори ширкати байналмилалии консалтингии «AFC Consaltants International» баргузор гардид.


Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин вазорат, зимни нишаст масъалаҳои ҳамкории иқтисодӣ байни корхонаю ширкатҳои ҷумҳурӣ ва ин ширкати бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои энергетика ва кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин ҳамоиш  қайд гардид, ки ширкати мазкур омода аст бо корхонаю ширкатҳои Тоҷикистон ҷиҳати ворид намудани таҷҳизоти сарфаи нерӯи барқ дар бахши хусусӣ ва таҷҳизотҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ҳамкорӣ намояд.      

Ҳамчунин, Йоханнес Бушмаер изҳор намуд, ки ширкат омода аст ҷиҳати тайёр намудани мутахассисони болаёқат дар соҳаҳои мазкур кӯмаки худро расонад. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо атрофи масъалаҳои муҳими иқтисодӣ ва густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ  мубодилаи афкор намуданд, афзуд манбаъ.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!