Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 03:13

Коммунистони Хитой ба Душанбе ташриф меоранд

15 август 2011, 04:08

Ҳудуди 70 нафар аз аъзоёни ҳизби коммунистии Хитой таҳти роҳбарии Чжоу Юнкан, узви доимии Кумитаи бюрои сиёсии ҲКЧ рӯзи 21-уми август ба Душанбе меоянд.


Усмон Солеҳ, мудири шӯъбаи таҳлил ва иттилооти ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон зимни ташреҳи ин хабар ба «Озодагон» гуфт, боздиди   ҳайати коммунистони хитойӣ ба Тоҷикистон, ки то 23 август идома меёбад, бо даъвати ҲХДТ ҷараён мегирад. Номбуорда афзуд, зимни боздид аз Тоҷикистон  коммунистони Чин бо президент, ҳамзамон раиси ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон, раиси Маҷлиси миллӣ Маҳмадсаид Убайдулоев ва раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров мулоқот менамояд. Усмон Солеҳ гуфт,  ҳайати чиноӣ аз Донишкадаи низомии Тоҷикистон, осорхонаи миллӣ ва дигар марказҳои фарҳангии кишварамон низ боздид мекунанд.

Интизор меравад, дар доираи сафари ҳайати коммунистони Чин ба Тоҷикистон дар Душанбе байни ҲҲДТ ва ҳизби коммунисти Чин созишномаи ҳамкории байниҳизбӣ ба имзо расад. Дар мавриди мулоқоти коммунистони хитойӣ бо коммунистони Тоҷикистон чизе гуфта нашудааст.  {jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!