Масъулони ситоди ҳолатҳои изтирории вилояти Суғд ҷасади сарбоз Сайвалӣ Шералиевро ҷустуҷӯ доранд, ки рӯзи 13-уми август зимни барқарор кардани роҳи қаламрави ноҳияи Айнӣ дар рӯди Зарафшон ғарқ шудааст.
Ҷамшед Кучаков, як масъули ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи минтақавӣ ба хабаргузории «Озодагон» гуфт, ҷустуҷӯи ҷасади сарбози 20- сола, ки аснои барқарор сохтани қитъаи вайроншудаи роҳ дар мавзеи «Рарз»-и ноҳия Айнӣ дар рӯди Зарафшон фурӯ рафтааст, алъон идома дорад. Гуфта мешавад, ин сарбоз дар қисми низомии 03 753 дар ноҳияи Б. Ғафуров хизмати сарбозиро адо мекардааст. Барои пайдо кардани ҷасади сарбоз гурӯҳи наҷотдиҳандагони ситоди ҳолатҳои изтирории Суғд, кормандони ситоди ҳолатҳои фавқуллодаи ноҳияи Айнӣ ва гурӯҳи алоҳидаи сарбозон сафарбар шудаанд.
Дар ҳамин ҳол аз дафтари матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда иттилоъ доданд, ки сарбози ғарқшуда, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти «Нусратулло Махсум»-и ноҳияи Рашт буда, аз ин ҷо ба хизмати ҳарбӣ даъват шудааст.
Маврид ба ёдоварист, бар асари лағжиши кӯҳпора дар рӯзи 28- уми июли соли равон роҳи марзии миёни ноҳияҳои Кӯҳистони Масчоҳ ва Айнӣ тахриб гардида, бартараф кардани оқибатҳои он то ҳанӯз идома дорад. {jathumbnail off}
Мӯҳр