Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 00:56

Ҳероин дар Истаравашан ва экстазӣ дар Шоҳмансур мусодира шуд

15 август 2011, 05:36

Зимни як амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз сӯи кормандони милиса дар ноҳияи Истаравшан маводи мухаддир забту мусодира гардид.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии ВКД, сокини 33- солаи деҳаи Чорбоғи  ҷамоати  Ленинобод, Ғайрат Ризоқулов, дар кӯчаи  Ленин  бо автомашинааш, ки тамғаи «Опел Астра» аст, боздошт карда шуд. Ҳангоми азназаргузаронии автомашинаи мазкур, аз таги ҷойи нишасти ронанда 985 грамм маводи нашъадори «ҳероин»  дарёфт    шуд.

Худи ҳамон рӯз бо ҳамин қазия монанд аз ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар вақти гузаронидани  чораҳои фаврӣ -ҷустуҷӯи дар кӯчаи Саъди  Шерозӣ, назди ошхонаи «Ҳамадонӣ»  Музаффар Раҳматов и 38- сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати Зайналобод,    дастгир гардид. Аснои кофтукови шахсӣ аз кисаи ӯ  231,2 грам  маводи нашъадори «синтетикӣ»-и ба ҳабҳои (таблетка) экстазӣ мансуб буда, дарёфт карда шуд.  Айни замон нисбати ин қазия парвандаи ҷиноӣ  боз гардида тафтишот идома дорад.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!