Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 03:16

Сенсатсия: Ҷорҷ Сорос дар назди қонун ҷавоб мегӯяд

15 август 2011, 05:42

Ба дунболи қазияи Стросс Кан, собик сарвари Сандуқи байналмиллалии пул, дар хусуси таҷовус ба номуси пешхизмати меҳмонхона расонаҳои хабарӣ аз даъвои додгоҳии маъшуқаи миллиардер Ҷорҷ Сорос хабар медиҳанд.


Маъшуқаи акнун собиқи раиси бунёди «Ҷомеаи кушода»,  ўро барои иҷро накардани ваъдаҳо ва зўроварӣ муттаҳам карда, дар аризаи худ ба додгоҳ гуфтааст, Сорос баро ифшо накардани муносиботи маҳрамонаашон ба ў маблағ пешниҳод кардааст.

Адриана Феррейри 28- сола, шаҳрванди Бразилияву Амрико, иддао дорад, ки Сорос бар ивази 5 соли муносиботи маҳрамонаашон барои ў харидани манзили зистро бо қимати 2 миллион доллар ваъда карда будааст. Ва аммо вақте  Феррейр аз Сорос тақозои иҷрои ваъдаҳояш мекунад, миёни онҳо хархаша бармехезад ва Сорос ўро буғӣ карда, куштанӣ мешавад. Ба ҷои ҳодиса пулис ҳозир шуда, танҳо маъшуқаи латхўрдаро ба бемористон интиқол медиҳанду миллиардерро ҳатто ба шўъбаи пулис даъват ҳам намекунанд. Ва аммо баъди чанде онҳо оштӣ мешаванд ва муносиботашон то соли 2010, то замоне ки Сорос маъшуқаи нав пайдо намекунад, идома доштааст. Баъди пайдо кардани маъшуқаи дигар Сорос изҳор мекунад, ки Феррейр лоиқи ин манзил нест ва онро ба номи маъшуқаи наваш номнавис кардааст.

Акнун маъшуқаи собиқи Ҷорҷ Сорос - Андриана Феррейр аз додгоҳ тақозо кардааст, то аз кисаи миллиардер ба андозаи 10 миллион доллар зарари маънавиро ба манфиаташ бирўёнанд.  Ў ин даъфа низ дар аризааш дарҷ кардааст, ки Сорос бар ивази гирифтани аризааш ба ў маблағ пешниҳод кардааст ва ин навбат низ ў ин пешниҳоди  Соросро рад карда, товони зарари маънавии худро аз тариқи додгоҳӣ рўёнидан мехостааст.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!