Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 14:34

Боз 200 адад таҷҳизоти барқӣ-офтобӣ ба сокинон тақсим гардид

15 август 2011, 06:03

Вазорати энергетика ва саноат боз 200 адад таҷҳизоти барқӣ- офтобӣ ба сокинони минтақаҳои кӯҳистон тақдим кард.


Тавре аз маркази матбуотии вазорати энергетика ва саноат ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, ин навбат 100 адад таҷҳизоти барқӣ- офтобӣ ба аҳолӣ ва муассисаҳои иҷтимоии ҷамоати деҳоти «Сағирдашт»-и ноҳияи Дарвоз ва 100 адади дигар ба шаҳри Норак ва як қатор деҳаҳои дигар, аз қабили Сари Камар, Мавлак, Олиҷагон, Санги Ҷувозак, Шаҳтут ва кӯчаи Яхпули Тутқавул дастрас гардид.

Лозим ба ёдоварист, чанде қабл  таҷҳизоти барқӣ- офтобӣ ба дигар минтақаҳои кӯҳистони кишвар, аз қабили ноҳияҳои Айнӣ, Мастчоҳ, Балҷувон, Ховалинг, Норак ва ВМКБ дастрас гардида буд, ки шумораи умумии онҳо қариб 2 ҳазорро ташкил медиҳад. Чунин таҷҳизоти барқӣ- офтобӣ ба муносибати 20 -солагии истиқлолияти кишвар дар дираи ҳамкориҳо бо дигар ширкатҳои хориҷа ба Тоҷикистон ворид гардидаанд. {jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!