Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 07:50

Парлумони Тоҷикистон қонуни авфро баррасӣ намуд

15 август 2011, 07:35

Имрӯз таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои палатаи поёнии парлумон сурат пазируфт.


Тавре ба «Озодагон» МН МО хабар доданд, дар Шӯро лоиҳаи қонун «Дар бораи авф» баррасӣ гардид. Таъкид шуд, ки лоиҳаи мазкур бо мақсади муайян намудани асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии аз ҷониби давлат авф намудани маҳбусон ва дигар шахсони ҷиноят содирнамуда ва бахшида ба ҷашни 20 - солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон таҳия гардидааст. Амали қонуни «Дар бораи авф», пеш аз ҳама, он шахсонеро фаро мегирад, ки аз нигоҳи ҷинс, сину сол, вазъи соломатӣ ва бартараф гардидани хавфнокии ҷинояти содиршуда ба авфи гуноҳ эҳтиёҷ доранд. Қонуни мазкур аз 29 модда иборат буда, дар он гурӯҳи шахсоне, ки нисбати онҳо авф татбиқ мегардад, тартиб ва мӯҳлати иҷрои санади зикргардида, мақомоти иҷрокунандаи ин санад, инчунин ҳалли дигар масъалаҳое, ки ба татбиқи қонуни мазкур алоқаманданд, пешбинӣ гардидааст. Тадбиқи қонун «Дар бораи авф» амали инсондӯстона буда, барои ба кору зиндагии осоишта ва муҳити оила баргардонидани шахсони ҷиноят содирнамуда, мусоидат менамояд. Лоиҳаи қонун «Дар бораи авф» ба меъёрҳои Сарқонуни Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мухолифат надорад,-афзуд манбаъ.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!