Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 12:56

Ниҳодҳои қонунгузори кишвар ҳамоиш меороянд

15 август 2011, 10:23

Маркази миллии қонунгузории Тоҷикстон тасмим гирифтааст дар якҷогӣ бо намояндагони ниҳодҳои дигар соҳаҳои гуногуни қонунгузории кишварро мавриди баррасӣ қарор диҳад.


«Инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлолият». таҳти чунин унвон рӯзҳои 26 ва 29-уми августи соли равон дар Душанбе конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба 20-умин солгарди истиқлорлияти кишвар баргузр мегардад. Тибқи иттиллои маркази миллии қонунгузории кишвар, дар ин ҳамоиш соҳаҳои гуногуни қонунгузорӣ, аз қабили рушди қонунгузории ҷиноятӣ, гражданӣ, соҳибкорӣ, бонкӣ, асъорӣ, рақобат, соҳибкории хориҷӣ, иттилоотӣ, тандурустӣ, маориф, меҳнат, таъминоти иҷтимоӣ, инчунин ташаккулёбии ҳуқуқи байналмилалии оммавӣ ва хусусӣ дар  Тоҷикистон баррасӣ хоҳад шуд. Дар назар аст дар ин конфронс вакилони маҷлиси намояндагони маҷлиси олӣ, намояндагони дастгоҳи иҷроияи президент, вазорату идораҳои давлатӣ ва як гурӯҳи олимиону мутахассисони соҳаи ҳуқуқшиносӣ ширкат варзанд. Нишасти мазкур бо ташабуси маркази миллии қонунгузорӣ баргузор мешавад.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!