16-17-уми августи соли равон бо сабаби ворид шудани тӯфони ҷанубӣ ба қаламрави кишвар дар баъзе манотиқи кӯҳӣ эҳтимол борони кӯтоҳмудат резад.
Дар ин бора Парвина Саидҷамолова, сардори маркази пешгӯии обу ҳаво ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод. Ба хабари манбаъ зимнан, ҳарорати ҳаво дар вилояти Хатлон шабона 22-25, рӯзона 36-41 дараҷа гарм мешавад. Дамои ҳаво дар вилояти Суғд шабона ба 17-22, рӯзона 33-38 дараҷа мерасад. Ноҳияҳои тобеи марказ шабона 15-20, рӯзона 33-38 дараҷа гарм хоҳанд шуд. Дар ғарби вилояти Бадахшони кӯҳӣ бошад, ҳарорат шабона 15-20, рӯзона 30-35 дараҷа ва дар шарқи ҳамин вилоят шабона 2-7, рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад. Дар Душанбе ҳарорати ҳаво шабона ба 18-20, рӯзона ба 36-38 дараҷа мерасад.{jathumbnail off}
Мӯҳр