Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 07:27

Масоили вокуниш ба ҳолатҳои изтирорӣ (IDRL) дар Остона баррасӣ мегардад

15 август 2011, 11:30

Дар шаҳри Остона ҳамойиши вижа таҳти унвони  “Тақвияти асоси қонунии вокуниш ба ҳолатҳои изтирорӣ”  (IDRL)  сурат мепазирад.


Тоҷикистонро дар ин конфронс  масъулин аз нерӯҳои марзбонии кишвар, вазорати умури хориҷӣ, оҷонсии сохтмон, кумитаҳои гумруку  ҳолоти изтирорӣ, ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, намояндагиҳои Барномаи рушди СММ (БР СММ) ва Федератсияи байнулмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБҶ СС ва ҲА) муаррифӣ хоҳанд кард. Гуфта мешавад, ин ҳайат фардо 16-уми август озими пойтахти Қазоқистон мешавад.  

Шамсуддин Муҳиддинов, ҳамоҳангсози барномаҳои мудирияти ҳолатҳои изтирории Федератсияи байнулмилалӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, дар оғоз ба аҳаммияти нишасти Остона таъкид кард. Ӯ гуфт, нишасти Остона бо ибтикори Федератсияи байнулмилалӣ дар ҳамкорӣ бо ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Қазоқистону созмонҳои байнулмилалӣ ва бо маблағгузории Кумиссиюни аврупоӣ рӯзҳои 17-18-уми август баргузор мешавад. Он дуввумин чунин нишаст буда, ҳадафаш баррасӣ ва тақвияти қонунгузории ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ дар ҳолатҳои изтирорӣ мебошад. Интизор меравад, ҳайъати Тоҷикистон пас аз бозгашт дар тарғиби Қонуни байнулмилалии вокуниш ба ҳолатҳои изтирорӣ (IDRL) дар Тоҷикистон саҳм бигзорад.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!