Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 09:59

Истиқлоли Тоҷикистонро дар Қарочӣ таҷлил карданд

15 август 2011, 11:48

Дар  толори меҳмонхонаи “Шератон”-и шаҳри Қарочии  Покистон  ба муносибати 20-солагии истиқлолияти  Тоҷикистон чорабинии ҷашнӣ барпо гардид.


Тавре  ба «Озодагон» аз дафтари матбуотии ВКХ иттилоъ  доданд, ин нишаст аз тарафи  сафорати Тоҷикистон дар ҷумҳурии Покистон созмон ёфта,  дар он  ходимони ҷамъиятию сиёсӣ, илмию фарҳангӣ, соҳибкорон, намояндагони воситаҳои ахбори умуми Покистон, корпуси дипломатии муқими шаҳри Қарочӣ ширкат доштанд.   

Тибқи иттилои манбаъ, сафири Тоҷикистон дар Покистон Зубайдулло Зубайдов  доир ба истиқлолияти  Тоҷикистон суханронӣ намуда, оид ба комёбиҳои тайи 20-соли ахири ҷумҳурӣ ибрози назар кард. Зубайдов афзуд,  мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ устувор гардида, муносибатҳои кишвари мо бо давлатҳои дигар инкишоф меёбанд.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!