Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 18:35

Қатъи фаъолияти бозори «Сомон»-и Душанбе

12 май 2011, 09:01

Тавре ба хабаргузории «Озодагон» котиби матбуотии райиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов иттилоъ дод, бо мақсади пешгирӣ аз ҳодисаҳои сӯхтор ва ба талаботҳои  зиддисӯхторию  беҳдоштӣ- санитарӣ мувофиқ  намудани фаъолияти бозори «Сомон» дар асоси қарорҳои  Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии пойтахт  ва маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе баҳри аз ҷониби маъмурияти бозор рафъ намудани камбудиҳои ҷойдошта фаъолияти он аз 13 майи соли 2011 то ислоҳи вазъ муваққатан манъ карда мешавад.

Вобаста ба ин раиси шаҳри Душанбе  Маҳмадсаид Убайдуллоев ба масъулини соҳаи шаҳрдорӣ  дастур дод, ки дар ин муддат то ба фаъолият шурӯъ кардани бозор  муваққатан соҳибкорони он дар бозори «Деҳқон»  ё худ дигар бозорҳои коммуналии шаҳр ва «Гӯшаҳои деҳқон» бо ҷои кор таъмин карда шаванд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!