Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 01:22

«Евросоюз» дар ҷануби Тоҷикистон даст ба қонуншиканӣ зад

16 август 2011, 04:01

Як гурӯҳи бузурги ҷавононро аз ҷамоати деҳоти Деҳқонариқи ноҳияи Фархор ба доми фиреб кашидаанд.


Тибқи иттилои хабарнигори маҳаллии «Озодагон», онҳоро як ташкилоти байналмиллалӣ тайи 3-моҳи расо кор фармудааст, аммо бо сабабҳои номаълум ҳаққулзаҳамати эшонро напардохтааст. Муқаддас Бобохонов, як сокини рустои Бобосафоли поёни ҳамин ҷамоат мегӯяд, ҳанӯз аввали сол намондагони як ташкилоти хориҷӣ бо номи «Евросоюз» дар якҷоягӣ бо намояндагони хоҷагии оби ноҳия омада, бо сокинони маҳаллӣ дар мавриди тоза ва барқароркунии ҷӯйбору обпартои хоҷагиҳо шартнома ба имзо расонданд. Беш аз 20-нафар аз мардуми бумӣ ба кор фарогир шуда, дар маҷмуъ зиёда аз 10.000-метри мукааб ҷӯйбору ариқ кандаву тоза кардаанд. Мутобиқи шартнома, барои тоза кардани 1-метри мукааб ҷӯйбор 17-сомониву 40-дирам маблағ ҷудо гашта буд. Вале корфармо баъди ба итмом расонидани кор, якбора ғайб задаст.

Бино ба иттилои коргарон, корфармо бо миёнаравии як намояндаи хоҷагии об бо исми Маҳмадшоҳ бо эшон шартнома бастааст. Ҷаноби Маҳмадшоҳ дар навбати худ ба коргарон гуфтааст, ки ҳамин ташкилоти ба истилоҳ «Евросоюз» дар ҳамкорӣ бо ҳукумати вилояти Хатлон  будаву аз он ҷониб ба ноҳияи Фархор барои кӯмаки кишоварзон фиристонида шуда буд. Барои маоши коргарон шахсан ӯ ба ҳукумати вилоят мактуби шикоятӣ нависондааст, вале то ҳанӯз беҷавоб мондааст. Ахиран, ин ташкилоти хориҷӣ, ки намояндагонаш усулан шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд, ғайб задаасту мардуми бечора барои гирифтани ҳаққи корашон намедонанд ба кӣ шикоят баранд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!