Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 05:22

Суғд: Никоҳ дар вилоят кам шудааст, талоқ рӯ ба афзойиш аст

16 август 2011, 05:30

Дар моҳҳои январ-июни соли 2011 мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии вилояти Суғд 27 ҳазору 100 кӯдакро ба қайд гирифтаанд.


Ҳамзамон 6.2 ҳазор ашхоси фавтида, аз ҷумла 600 кӯдаки то синни яксола низ аз ин шумуланд. Дар ин бора ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон»  дар сарраёсати агентии омори   вилояти Сугд хабар доданд. Бино ба қавли сарчашмаи хабар, бақайдгирии кӯдакони навзод тайи ин муддати сипаришуда дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2010 ҳудуди 0,8 фойиз кам шудааст.

Коэффисиенти умумии таваллуд ва коэффисиенти умумии фавт аз рўи баҳои пешакӣ мутаносибан ба 1000 нафар аҳолӣ 11,9 ва 2,7 нафар рост омадааст.

Шумораи никоҳи бақайдгирифтаи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ) дар вилоят дар моҳҳои январ-июни соли 2011 нисбат ба ҳамин давраи соли 2010-ум 3,6 фоиз  кам шуда, 10,3 ҳазор ҷуфти никоҳро ташкил кардааст. Коэффитсиенти умумии никоҳ дар моҳҳои январ-марти соли 2011-ум ба 1000 нафар аҳолӣ 4,5  ададро ташкил додааст. Шумораи талоқҳои бақайдгирифташуда дар моҳҳои январ-июн соли 2011-ум 1531 воҳидро ташкил кард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2010-ум 7,1 фоиз афзудааст. Коэффисиенти умумии талоқ дар моҳҳои январ-марти соли 2011 ба ҳар 1000 нафар аҳолӣ 0,7 воҳид рост омадааст.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!