Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 07:06

Футболистони тоҷик иҷозатномаи мураббигиро соҳиб шуданд

16 август 2011, 06:44

Чанд тан  аз бозингароне, ки дар дастаҳои мухталифи  ҷумхурӣ  ба футболбозӣ машғул буданд, бо  пешниҳоди федератсияи футболи Тоҷикистон ва  конфедератсияи футболи Осиё ба  гирифтани  иҷозатномаҳои мураббигӣ ноил гаштанд.


Дар ин бора аз кумитаи милли олимпӣ ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд. Манбаъ афзуд, ба он нафароне ичозатнома  дода шуд, ки тайи чанд моҳ пурра аз омўзиши давраӣ  гузаштаанду нозукиҳои футболро омўхтаанд. Аз ҷумла ба  Рустам Хоҷаев, Пайрав  Воҳидов, Алишер Тухтаев, Субҳон Хоҷамов, Ҷамшед Исмоилов ин санади тасдиқкунандаи байнулмилалии варзишӣ дода шудааст. Гуфта мешавад, ин нафарон дар ҳайати дастаҳои пурқуввати кишвар ва тими миллии Тоҷикистон солҳои тӯлонӣ ҳунарнамоӣ карда, иҷозатномаи мураббии футболро дарёфт кардаанд.   {jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!