Дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд сохтмони нерӯгоҳи барқи обии хурд ба нақша гирифта шудааст.
Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» дар вазорати энергетика ва саноат иттилоъ доданд. Бино ба қавли манбаъ, таҳияи нақшаи техникию иқтисодӣ ва маблағгузории лоиҳаро ширкати «Фароб» -и ҷумҳурии исломии Эрон, ки дар ҳоли ҳозир пудратчии асосии НБО – 2 Сангтӯда мебошад, ба ӯҳда мегирад. Маврид ба ёдоварист, айни замон дар навоҳии Айнӣ, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Ҷиргатол, Балҷувон, Турсунзода ва Шаҳринав низ сохтмони ҳашт НБО – и хурд пешбинӣ шудааст.{jathumbnail off}
Мӯҳр