Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 05:48

Сониҳаи нақлиётӣ бойиси марги пиёдагарди 60-сола гардид

16 август 2011, 12:39

Садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд як кушта ба ҷой гузошт.


Тибқи иттилои  РБДА, шоми дирӯз тахминан соати 21:00 ронандаи автомашинаи «ГАЗ 24 -10» Шерзод Собирови 22- сола ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди Зафаробод-Хуҷанд дар километри 15-уми роҳ дар ҳудуди деҳаи Меҳнатобод аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромада, пиёдагард Неъмат Ахмедови 60 соларо зер намуда аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад. Дар натиҷа ҷабрдида дар маҳалли ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ронандаи нақлиёти номбурда пас аз чанд соат  аз тарафи мақомоти дахлдор дастгир гардидааст.
Манбаъ афзуд, шабонарӯзи гузашта дар роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ 5 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 1 нафар ҳалок шуда  9 тани дигар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ гирифта, дар касалхона бистарӣ гардидаанд.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!