Бахшҳо

Абдулқодирзода дар бораи Имоми Замон ва тафриқаандозӣ

Сайидмукаррами Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз тафриқаандозӣ миёни мусалмонони кишвар изҳори нигаронӣ кард.

Ӯ рӯзи 14 март ҳангоми адои намози ҷумъа дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе гуфт, “ҳоло бархеҳо мегӯянд, ман салафӣ, ман шиаи исноашарӣ ё таҳририяю ман наҳзатӣ. Хоҳиш мекунам, Исломро тақсим накунед, чун ин тақсимкунӣ хатари сахт дорад.”

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон таъкид кард, маҳз дар натиҷаи ҷудо кардани мусулмонон ба шохаҳо ҳоло ҷаҳони Ислом оромӣ надорад: “Имрӯз душман бо дасти худи мусулмон хуни мусулмононро рехта истодааст, ки ин ҳама дар натиҷаи қисмат кардани дин аст.”

Инчунин Сайидмукаррам Абдулқодирзода аз амали шахсони ба вуҷуди Имоми замон бовардошта, сахт ибрози ташвиш кард. Ӯ гуфт, ҳоло ин афрод ба бархе сокинон мегуфтаанд, ки агар ба имоми замон бовар надорӣ кофир ҳастӣ: “Ман шахсан бори аввал мешунавам, ки Имоми замон кӣ ҳасту чист, бори нахуст аст, мефаҳмам, ки агар ба ин имом боварӣ надошта бошӣ, кофир ҳастӣ. Магар ин ҳама гузаштагони мо кофир буданд?!” Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон боварӣ ба Имоми замонро аз зумраи ақидаҳои бегонаву ботил хонда, намозгузоронро даъват кард, то аз ин гуна афрод эҳтиёт бошанд.

Ӯ афзуд, “то замони зуҳури ин ҳама равиягароию ба шохаҳо тақсим шудани пайравони Ислом, мусулмонон яке аз пешрафтатарин қишр ба шумор мерафтанду дар ҳама ҷо комёбу муваффақ ва иззатманд буданд. Вале аз вақти ба шохаҳо тақсим шудан, хорию зории онҳо шуруъ гардид.”

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар охир аз суханони паёмбар иқтибос оварда, сокинони кишварро даъват кард, ҳамеша пайравӣ аз аксариятҳо кунанду ба гуфтаҳои бархе гуруҳҳои тундрав, ки боиси нооромии кишвар мешаванд, гӯш надиҳанд: “Пайравӣ бояд аз аксарияти мусулмонон кард, чун Худованд аксариятро азоб намекунад. Гӯсфанде, ки аз рама дур монад, гург аввал онро шикор мекунад.”
Мӯҳр
ин байни фарикахо чудоандози мекунад

сабаби аслии нооромихои мусулмонони кишвар ту хасти,баро масчидхои махкам кардагият фардо дар назди Худо чавоб мегуи.

Точик
Чи бало, акнун фишор сари исмоилихо барои Имоми замонашон шуруъ мешавад-чи!?

Дилшод
Чаро дар бораи салафихо чизе намегуяд7 Зеро худаш салафи аст!суфи,

Сухроб
Хами мардак ах зеби козиги надорад. Вачохате, ки рухониён дранд дар ин шахс эхсос намешавад.

Чаноби Абдулкодирзода! Оне ки Шумо ба хайси раиси Шурои уламо фаъолият намуда, аз махсусияти равияе, ки аксарияти ахолии як вилояти калон ва хамчунин сокинони 25 давлати дунё (Точикистон, Афгонистон, Хиндустон, Покистон, Танзания, Канада...) аз он пайрави мекунанд, бехабаред, камбудии Шумо аст, на камбудии пайравони равияи Шиаи Исмоилия. Конститутсия (Сарконуни) Чумхурии Точикистон ба шахрвандон ва кулли ахолии Точикистон озодии эътикодро кафолат додааст. Чун Шумо вазифаи Раиси Шурои Уламои Чумхуриро ба душ доред, Шумо ухдадоред, ки аз таълимоти хамаи равияхои дар худуди Чумхури чойдошта вокиф бошед ва дигаронро даъват ба он намоед, ки озодии эътикоди якдигарро эхтиром намоянд.
Равияи Шиаи Исмоилия яке аз равияхои пешкадамтарин ва дур аз экстремизму хусуматгарои аст. Дар бобати он бисёр китобхо аз чониби Доктор Фарход Дафтари ва дигарон таълиф гардидаанд ва хар як шахс метавонад тавассути мутолиаи ин китобхо аз таърих ва таълимоти ин равия вокиф гардад. Имоми Замон Огохони IV дар баробари рохбари рухонии ахли Шиаи Исмоилиёни дунё будан, як щахсияти барчаста ва шинохта дар арсаи байналмиллали мебошанд. Фонди Огохон бошад, тайи дахсолахо бо Чумхурии Точикистон дар бахшхои гуногуни ичтимои (маориф, тандурусти, фарханг...) хамкори дорад. Чун Шумо аз хамаи ин бехабаред, маълум мегардад, ки ниёз ба мутолиаи бештар доред.

Абдулқодирзода дониши пурра оиди хамаи динхо, мазхабхо, тарикахо ва фиркахо надорад. ба у лозим аст маълумот пайдо кунад, дониш чуяд ва баъдан дар назди халк гап занад. гапхои у оиди имоми замон хандаоваранд ва аз нодонии у нишон медиханд.
ака китобро хондан лозим аст китоб

Рустам
100% дуруст аст суханҳоятон.
Дар мазҳаби Ҳанафӣ будем, ҳастем ва то абад бояд ки монем. Даркор нест имоми ҳозира замон барои мо. Имоми ҳозира замони Тоҷикон ин Ҷаноби Оли аст.

Imamshenas
“Ман шахсан бори аввал мешунавам, ки Имоми замон кӣ ҳасту чист, бори нахуст аст, мефаҳмам, ки агар ба ин имом боварӣ надошта бошӣ, кофир ҳастӣ. Магар ин ҳама гузаштагони мо кофир буданд?!”
Муҳтарам Муфтӣ-ҳазрат магар дар бораи "Имоми замон" якумбор мешунавед??? Лутфан ҷойро холӣкунед то касе унҷо биншинад, ки китоб хонда бошад....

Саидрахмон
Яке аз сабабхои ба тафрика каондани мусалмонони точик шурои уламо ва шахси ба ном мути аст, ки исломро сиёси карла истода дар хидмати ххдт аст. Ин одам худаш гурхубоз аст ва набояд аз номи мусалмоно гап занад ки уро хак додааст? магар хамин зукумат уро сари кулдрат наовардааст вакте аз тарафи президент таъйин шудааст ва президент худаш раиси ххдт аст пас маълум аст ки сад фоиз дар хидмати ана хамин хизб аст.

абв
ба имоми замон чи кор дори, хубу бад як гушаи точикистонро обод кард, даххо купрукхои дустиро ба тарафи Афгонистон аз маблаги худ бунёд карда тичорати ду халки бародарро дар ду тарафи дарёи ому ба рох монд, ки халки одди аз тичорати сархади нон ёфта истодаанд, ту бехтараш ба даъвои чосусони беимон ки бо супориши куввахои точикбадбин мавчудияти Худои аззаву чалларо инкор карда дили милёнхо мусалмони кишварро хун мекунанду ба эхсоси динии мардум бози мекунанд ва ЧТ ро дар хавзаи чахони ислом бадном месозанд, садоятро баланд намо, ки ин вазифаи мукаддаси ту мебошад.

пируз
шумо мухтарам муфти!!!!!!
АВВАЛ ХУДАТОН ФАТВОФУРУШИРО БАС КУНЕД!!!
АЗ НОМИ ДИН НАХУРЕД БАДАНИ ДИНРО!!!!
ДАР БОРАИ БЕСАТРИРО РИВОЧ ДОДАН ГУНГ НАШАВЕД!!!!!!
МАНСАБРО ЧАНГ НАЗАНЕДУ РЕСМОНИ ХУДОРО МУСТАХКАМ ДОРЕД!!!!!

дангара ба пеш
Ин мукарамзода харро аз хутик фарк намекунаду бо суханонашро бинед. О одам аз руи далел, яъне аз руи куръону суннат гап мезанад. Ё тавба,ки ба ин хел одамхо вазифа расидааст. Аз ин мукарамзодаро дида, хамон файласуфи бекзод хазор бор нагз гап мезанад.

“Ман шахсан бори аввал мешунавам, ки Имоми замон кӣ ҳасту чист, бори нахуст аст, мефаҳмам, ки агар ба ин имом боварӣ надошта бошӣ, кофир ҳастӣ. Магар ин ҳама гузаштагони мо кофир буданд?!”

Ачабо! Аксари дунё уро мешиносаду шумо не! Шумо нав аз осмон афтибаед?

Что это за Шурои УЛАМО, председателем которого является человек, который признается в собственном невежестве? Позор! Весь мир знает Имама Ага Хана, который является одним из самых влиятельных людей в мире и духовным лидером более 20 миллионов мусульман-исмаилитов. В Таджикистане, к сведению председателя Шурои УЛАМО, проживают около 300 тысяч последователей Имама. Большинство населения Горного Бадахшана, который занимает половину территории Таджикистана, являются последователями Имама Ага Хана. Организации Имама за последние годы вложили в развитие нашей страны сотни миллионов долларов. Имам спас от голода сотни тысяч жителей ГБАО, которые в годы гражданской войны оказались в блокаде. При этом Имам помогал не только своим последователям, но и тысячам мусульман-суннитов, которые проживают в ГБАО. Имам внес огромный вклад в стабилизацию обстановки в нашей стране. Он не делит мусульман на разные направления, в отличие от председателя Шурои УЛАМО. Как может человек с таким кругозором и образованием возглавить Шурои УЛАМО Исламского центра? Его необдуманные слова и деяния могут оскорбить сотни тысяч граждан Таджикистана. Этот человек разжигает огонь ненависти между представителями разных течений Ислама, ссылаясь на какие-то неподтвержденные слухи. Он когда-нибудь слышал такое слово, как "плюрализм"? Это он разделяет мусульман, сея семена раздора. Может быть, стоит назначать на пост председателя Шурои УЛАМО более дальновидных, образованных и терпимых людей, которых немало в Таджикистане. Фанатизм же ни к чему хорошему не приведет. Председателю Шурои УЛАМО я рекомендую, как говорил Ленин, учиться, учиться и еще раз учиться. Мы живем в 21 веке, а не в средневековье!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)