Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 09:42

Таҳайюру хушҳолии Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамроҳони ӯ аз тамошои боғи Уроншо

17 август 2011, 04:15

Дар ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Шуғнони вилояти Бадахшони Кӯҳӣ бинои нави хобгоҳи литсейи касбӣ-техникӣ мавриди истифода қарор гирифт.


Тибқи иттилои дафтари матбуотии президент, зимни ифтитоҳи ин марказ Эмомалӣ Раҳмон ширкат намуд. Манбаъ афзуд, дар ин бинои 4 - ошёна бо харҷи қариб 6 миллион сомонӣ барои 200 нафар донишҷўён шароити хуби зист, дарсхонӣ ва ҳунаромўзӣ муҳайё гардидааст, ҳоло ин литсей дорои синфхонаю устохонаҳои муҷаҳҳаз барои омўзиши  ҳунарҳои гуногун, техникаи кишоварзӣ ва дигар шароити зарурӣ мебошад.
Пас аз ин Эмомалӣ Раҳмон бо сокини ин ҷамоат бобои Уроншо Саидазалов мулоқот карда, аз боғи бунёдкардаи ӯ дидан намуд. Тамошои боғ барои президент ва ҳамроҳони ӯ боиси таҳайюру хушҳолии аҷиб шуд, зеро ин деҳқони асил дар як ҷарии паҳлўи кўҳ дар баландии 2700 метр аз сатҳи баҳр боғ бунёд намуда, онро ба як гўшаи биҳиштосои ин диёр табдил додаст.  Дар ҳамин доманаи рости кўҳ, ки кас базўр рост меистад, ин пири ботадбир дар 3 га замин  25 намуд себ, 20 намуд зардолу ва беш аз 2 ҳазор бех дарахтони сохтмонӣ сабзондааст. Дар ҳар як қадами ин замини баландкўҳ истифодаи пурсамари замин ба назар мерасад, зеро дар ҳар ваҷаб замини каме ҳамвори он картошка ва дигар зироатҳо низ кишт карда шудааст. Дар дохили боғ бобои Уроншо, ҳамчунин 35 оилаи занбўр дорад, ки ба ҳисоби миёна аз ҳар оилаи он дар як мавсим 23 килограмӣ асали тозаи кўҳистонӣ ҷамоварӣ менамояд. Дар назди боғ устоҳои маҳаллӣ бо истифода аз қонунҳои табиии физикӣ як обкаши барқӣ ба кор даровардаанд, ки бе истифода аз нерўи барқ обро ба баландии 100 метр боло мебарорад. {jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!