Бахтиёр Шукуров, директори агентии Тоҷикстандарт барои бартараф сохтани тақаллубкориҳо дар бозори сӯзишвории Тоҷикистон бо 18 нафар соҳибкорон-фурӯшандагон ва интиқолдиҳандагони сӯзишворӣ мулоқот анҷом дод.
Номбурда иброз дошт, ки вақтҳои ахир дар самти фурӯши маҳсулоти нафтӣ арзу шикояти истеъмолкунандагоне, ки аз хизматрасонии нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ истифода мебаранд, зиёд шуда истодаанд: «Аз ин рӯ, мақсади ҷамъ шудани мо ҳам ин аст, ки дар якҷоягӣ масъалаҳои мавҷударо ҳал намоем».
Дар ин ҳамоиш масъулин агентии Тоҷикистандарт шеваи воридоти бензинро ба бозорҳои дохилии Тоҷикистон ва сифати онро дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ нигаронкунанда арзёбӣ намуданд. Тавре аз маркази матбуотии агентии Тоҷикистандарт ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, давоми 3 моҳи ахири соли ҷорӣ воридоти бензини навъи А-95 кам шуда, асосан сӯзишвории А-80 дар муомилот аст, ки дар баъзан маврид сифати он ҳам ҷавобгӯи талабот нест. Намояндагони агентии Тоҷикстандарт ба бархе ширкатҳои воридкунандаи сӯзишворӣ пешниҳод намуданд, ки минбаъд дастгоҳҳои тақсимоти сӯзишворияшон дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ба феҳристи давлатӣ дохил карда шаванд. Бино ба маълумоти манбаъ, чунин ҳолати ба феҳристи давлатӣ дохил нашудани дастгоҳҳои тақсимоти чинӣ дар нуқтаҳои фурӯши «Умед- 88» ба қайд гирифта шудааст. Лозим ба ёдоварист, таққалубкориҳои ширкатҳои воридкунандаи бензин борҳо аз ҷониби ин агентӣ ошкор шудааст, ки онҳоро барои чунин амалашон ба ҷавобгарии маъмурӣ низ кашидаанд.{jathumbnail off}
Мӯҳр