Бахшҳо

Се озмоишгоҳи «Вирусологӣ ва радиологӣ» дар Душанбе мавриди истифода қарор гирифтанд

Дар назди «Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемологӣ» озмоишгоҳҳои «Вирусологӣ ва радиологӣ» барои нахустин бор дар Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ кард.


Ин тасмим дар арафаи таҷлили иди касбии табибон, ки ҳамасола рӯзи 18-уми август қайд карда мешавад, бо дастури хукумати ҷумҳурӣ ва вазорати тандурустию академияи илмҳои  тиббӣ роҳандозӣ гардид. Наврӯз Ҷаъфаров, муовини сардори хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемологӣ дар маросими кушодашавии ин ташхисгоҳҳо гуфт,    «озмоишгоҳи радиологӣ бо васоити замонавии ченкунӣ, афканишот-гаммаспектрометри истеҳсоли ширкати «Канберраи» ИМА муҷаҳҳаз мебошад, ки он бо барномаи замонавии компютерӣ таъмин карда шудааст». Гуфтанист, тавассути ин асбоб мутахассисони соҳа метавонанд миқдори афканишотро дар маҳсулоти гуногуни хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ, оби нӯшокӣ муайян сохта бо ин амал амнияти санитарию эпидемологии аҳолиро қисман таъмин намоянд.

Манбаъ афзуд, озмоишгоҳҳои вирусологӣ бо асбоби ташхисии замонавӣ ТЗП муҷаҳҳаз гаштаанд, ки ин ба мутахассисон имконият медиҳад, ки ташхисро на танҳо дар доираи ҳуҷайра, балки дар доираи кислотаҳои нуклеинӣ гузаронанд ва бо ин амал мавҷудияти ин ё он намуди барангезандаҳои бемориҳои сироятӣ-вирусҳоро муайян намояд. Ҳамчунин қайд карда шуд, ки озмоишгоҳҳи тобеъи МНДСЭ-и  вилояти Хатлон, Суғд низ бо чунин асбоб муҷаҳҳаз гаштаанд.Қайд карда шуд, ки бо мақсади тайёр намудани мутахассисони варзида дар соҳаи амнияти радиатсионӣ ва омӯзиши кор дар асбобҳои замонавии ченкунии афканишот, барои таҳсил ба кишварҳои хориҷа аз ҷумла 2 нафар ба ҷумҳурии Украина, 3 нафари дигар ба ҷумҳурии Беларус сафарбар гардидаанд.  {jathumbnail off}
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)