Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 02:53

Ярмаркаи либосҳои мактабӣ бо пешниҳоди аз 20 то 40-фойизи тахфиф

18 август 2011, 04:08

Ҳамарӯза то якуми сентябри соли равон аз соати 8:00 то 16:00 дар ҶММ «Ёқут-2000»-ум ярмарка- фурӯши либосҳои мактабӣ бо арзиши 20-40% арзонтар аз бозорҳои кишвар, бо пешниҳоди маҳсулоти калонтарин корхонаҳои ватанӣ баргузор мегардад.


Ба иттиллои маркази матбуотии вазорати энергетика ва саноати кишвар,  дирӯз дар ҶММ «Ёқут-2000»-ум ярмарка- фурӯши либосҳои мактабӣ баргузор гардид.
Манбаъ афзуд, дар ин чорабинӣ 5 корхонаи калонтарин бо пешниҳоди маҳсулоташон, аз қабили ҶММ «Ёқут-2000»-ум, ҶСП «Гулистон», ҶММ «Кӯҳандиз», ҶММ «Пойафзолдӯзи Хуҷанд» ва ҶСШК «Нафиса» иштирок намуданд. Дар ярмаркаи мазкур маҳсулоти гуногун, аз қабили  маҳсулоти дӯзандагӣ, пойафзол ва ҷӯробҳои мардона, занона ва кӯдакона, либосҳои пахтагин барои мактаббачагон пешкаш гардидааст. Молу маҳсулоти пешниҳодгардида сифатан хуб ва рақобатнок буда, нархашон нисбат ба бозор  20-40% арзон ба фурӯш гузошта шудаанд. Ин иқдом то 1-уми сентиябри соли ҷорӣ идома хоҳад ёфт.  {jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!