Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 20:37

Ҳамрохон Зарифӣ дар Туркия бо Залмай Расул мулоқот мекунад

18 август 2011, 04:25

Дар шаҳри Истамбули Туркия вохӯрии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо ҳамтои қазоқаш Ержан Казихонов баргузор гардид.


Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар чаҳорчӯби Созмони Ҳамкории Исломӣ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардиданд.Тибқи иттилои дафтари матбуотии вазорати умури хориҷа ҷонибҳо мутобиқати ҳамоҳангсозии кӯшишҳои ҳарду кишварро дар асоси бисёрҷониба, тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, савдо ва гуманитарӣ – дар чаҳорчӯби чунин ташкилотҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ, аз қабили СММ, САҲА, ИДМ, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, СПАД ва СҲШ қайд намуданд.       
Манбаъ афзуд, Ҳамрохон Зарифӣ ҳамчунин дар кори ҷаласаи оҷили Кумитаи иҷроияи Созмони Ҳамкории Исломӣ оид ба масъалаҳои кӯмак ба Сомалӣ дар робита ба бӯҳрони гуруснагӣ  иштирок кард.Ҷаласаро нахуствазири  Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган ҳусни оғоз бахшид ва баъдан президенти Сомалӣ Шариф Шайх Аҳмад оид ба вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвараш маълумот дод.  
Зимнан, пас аз нишасти мазкур мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо вазири умури хориҷаи давлати Исломии Афғонистон Залмай Расул дар назар аст.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!