Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 14:52

М.Горбачёв: Дмитрий Медведев аллакай Путинро мағлуб кардааст

18 август 2011, 05:21

Михаил Горбачёв, президенти нахустин ва охирини СССР дар изҳороти ахири худ гуфтааст, ки аз номзадии Дмитрий Медведев, раисҷумҳури вақти Русия, дар интихоботи соли 2012 истиқбол ва ҷонибдорӣ хоҳад кард.


Михаил Горбачев, ки дар як нишасти хабарӣ сўҳбат мекард, изҳор намуд, ки Медведев тавонист навгониҳо ва модернизатсияи ҷиддиеро дар кишвар роҳандозӣ намояд ва интихоби ўро барои  6 соли роҳбарии баъди интихоби беҳтарин хоҳад буд. Гузашта аз ин ба андешаи Горбачев «Медведев аллакай бозиро бо Путин бурда, ўро гул задааст, ки Путин инро интизор надоштааст».
Ва аммо Горбачев чун дафъаҳои пешин аз сиёсат ва рафторҳои сарвазири Русия Владимир Путин интиқоди шадид карда, ҳамчунин нобовариашро дар қиболи сиёсати Медеведев пинҳон накардааст. Путинро бошад, ин навбат ба авҷ додани сиёсати худкомагӣ дар кишвар ва карахтии ҳукуматаш муттаҳам карда, гуфтааст «барои кишвар барномаи чадиде, аммо «бе путинӣ» зарур аст».  {jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!