Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 03:05

Барқи тоҷик 118 миллион сомонӣ ҷарима месупорад

19 август 2011, 04:34

Кумитаи андоз  ширкати холдингии «Барқи тоҷик» - ро барои саривақт насупоридани андоз 118,6 миллион сомонӣ  ҷарима бастаст.


Ба гуфтаи манбаъ, барои андозсупорандагоне, ки саривақт ба буҷа маблағ ворид намекунанд, фоизҳои муайяне мавҷуд аст, ки аз рўи онҳо ҷаримабандӣ  мешаванд. Сарчашмаи хабар афзуд, ба ҳолати 1 –уми июли соли ҷорӣ   қарзи «Барқи тоҷик» дар назди буҷет бо назардошти ҷаримаҳо 366,3 миллион сомонӣ  шудааст, ки дар муқоиса бо оғози сол 58,7 миллион афзоиш ёфтааст.  
Масъулини ширати «Барқи тоҷик», дар пайдоиши қарзашон муштариёни барқро гунаҳгор мекунанд, ки саривақт пули барқро насупорида истодаанд ва айни ҳол дар маҷ -мўъ аз «Барқи тоҷик» 750 миллион сомонӣ  қарздор мебошанд.  Дар мавриди супоридани  ҷаримаҳо як масъули  аз ширкати «Барки тоҷик» изҳор намуд, ки барои бекор ё кам кардани ин ҷаримаҳо ба сохторҳои дахлдор муроҷиат намудаанд ва айни ҳол барои ҳалли ин масъала дар назди Вазорати молия гурӯҳи кории махсус ташкил шудааст. Ба гуфтаи манбаъ аз «Барқи тоҷик», ин гурўҳи кории махсус то ҳанўз нисбат ба ҷаримаҳои «Барқи тоҷик» қарори мушаххасе қабул накардааст. {jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!