Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 21:17

Арматураи истеҳсоли Тоҷикистон сифати паст дорад

19 август 2011, 05:47

Агентии Тоҷикстандарт дар якҷоягӣ бо як қатор корхонаҳои муштараки кишвар сифати арматураи пӯлодинро дар Тоҷикистон баланд бардоштаниянд.


«Роҳҳои баланд бардоштани сифатнокии маҳсулоти арматураи пӯлодин». Таҳти чунин унвон  дар агентии Тоҷикстандарт бо иштироки масъулини беш аз 15 корхонаи муштарак, аз қабили ҶДММ «ДУТО-1», «Джсонг-фу», «Тен-Хун-1», «Чанг-Тенг» ва «Тен-Хун-2» як семинари вижа  баргузор гардид. Мурод Ашӯров, сухангӯи агентии Тоҷикстандарт ба хабаргузории «Озодагон»  иттиллоъ дод, ки дар ин семинар пешниҳод гардидааст, ки минбаъд барои муайян кардани таркиби кимиёвии пӯлод зарур аст, ки дар корхонаҳо озмоишгоҳҳои махсус таъсис диҳанд ё бо озмоишгоҳҳои ваколатдор шартнома баста шавад. Гузашта аз ин чанд тан аз роҳбарони корхонаҳо дар ин ҳамоиш ба музокира баромада, барои мусоидат намудан ба рушди ин соҳа як қатор таклифу пешниҳодҳои муфидро ба миён гузоштанд.
Зимни ин нишаст масъулини агентии Тоҷикстандарт истеҳсолкунандагони ватаниро барои ҳамкории зич намудан ба Тоҷикстандарт даъват намуданд. Ҳамзамон, намояндагони ин агентӣ оиди технологияи тайёр намудани арматураи пӯлодин баромад карда, роҳҳои баланд бардоштани сифатнокии ин намуди маҳсулотро шарҳ доданд. Бояд зикр намоем, ки ба Тоҷикистон асосан аз давлатҳои Русия ва Қазоқистон арматура ворид мегардад. Бино ба маълумоти коршиносон дар бозорҳои кишвар нархи як тонна арматури ватанӣ 560 доллар ва аз арматураи истеҳсоли Русия тақрибан 1160 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. {jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!