Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 21:30

«Регар ТадАз» ба зинаи аввали мусобиқот баромад

19 август 2011, 06:11

Бозиҳои даври 26-уми мусобиқаи футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ ба анҷом расид.


Тибқи иттилои Алӣ Шариф, сухангӯӣ дафтари матбуоти ФФТ, дар ин сабқат дастаи «Гвардия»-и (Душанбе) бо «Регар ТадАз»-и (Турсунзода) қувваозмоӣ намуда, бо ҳисоби 1 бар 10 бозиро бохт. «Парвоз»-и (Бобоҷон Ғафуров) бо «Истиқлол»-и (Душанбе) рақобат намуда, бо ҳисоби 0 бар 3 шикаст хӯрд. «Равшан»-и  (Кӯлоб) дар бозӣ бо «Хайр»-и Ваҳдат бо ҳисоби 2 бар 1 дастболо гардид. «Вахш»-и (Қӯрғонтеппа) бо «ССКА Помир»и (Душанбе) сабқат намуда, бо ҳисоби 2 бар 3 мағлуб шуд. Тими   "Хуҷанд"-и Хуҷанд бо  "Шодмон"-и Ҳисор вохӯрда бо ҳисоби 4 бар 1 дастболо шуд. Аз рӯи ҷадвали мусобиқа айни ҳол дастаи “Регар-ТадАЗ” бо 54 имтиёз дар ҷойи аввал мебошад. “Равшан” бо 53 имтиёз зинаи дуюмро касб намудааст. Дастаи  “Истиқлол”, ки чаҳор бозияш мавқуф гузошта шудааст, бо 49 имтиёз дар мақоми сеюм қарор дорад.  
Нишонзанҳои беҳтарин сабқат Фозил Сатторов аз дастаи "Равшан" ва Юсуф Рабиев аз тими «Истиқлол» бо 13-голӣ пешсафанд. Мирзобек Мирзоев бошад, бозингари дастаи “Хайр”  12 тӯб ба ҳадаф расонидааст.  {jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!