Маскав 75 -солагии шоир ва нависандаи русзабони тоҷик Темур Зулфиқоровро ҷашн гирифт.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз маркази матбуотии сафорати Тоҷикистон дар Маскав хабар доданд, дар ҷашни 75 -солагии адиб, сафири То ҷикистон дар Маскав Абдулмаҷид Достиев, чеҳраҳои саршиноси илму адаби Русия ширкат доштанд. Дастоварду нигоштаҳои ин адиб тавонист тоҷиконро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам маълуму машҳур намояд, гуфтааст сафири Тоҷикистон дар Маскав зимни табрикоташ унвонии шоир. Асарҳои Темур Зулфиқоров «Хиради шарқ (Восточние мудрости)», «Тавре шарқиён мегўянд (Как на востоке говорят)» ва дигарон фарҳангу маданияти мардуми тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуда, боиси ифтихори миллат гаштааст. Ҳамчунин, рўзномаи «Шелковчанка»-и Маскав як шумораи худро ба ҳаёт ва фаъолияти адиби тоҷик бахшида, оид ба ҳаёт, фаъолияти эҷодӣ ва дастовардҳои ў маводҳои ҷолибу хонданӣ омода кардааст.{jathumbnail off}
Мӯҳр