Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 14:33

Салафия равияи хатарзои динӣ аст

12 май 2011, 11:00

Вакили Думаи давлатии Русия Семен Богдасаров, ки доиман бо изҳоротҳои тунди  худ нисбати мардуми мусулмон баромад мекард, ин навбат аз мазҳаби суннии дини Ислом пуштибонӣ кард.

Семён Богдасаров, ки дар ҷаласаи фраксияи ҳизби «Справедливая Россия» («Русияи боадолат») сӯҳбат мекард, аз ҷумла гуфтааст, ҷараёни ягона дар Ислом дар Русия, бояд оне бошад, ки анъанавӣ аст, яъне равияи мазҳаби суннӣ. Дигар ҳамаи равияҳои ислом бояд ғайриқонунӣ шинохта шаванд ва ҳамзамон бояд аз миён бардошта шавад.

Бино ба андешаи вакили Думаи давлатӣ душмани асосии идеологӣ ин салафизими сиёсӣ будааст. Аммо ин вакил нагуфтааст, ки чаро чунин адешаҳо бар сараш омадааст  ва зери ин гуфтаҳояш чиро дар назар дорад.

Семен Богдасаров пешниҳод кардааст, то фаъолияти дигар ҷараёнҳои исломӣ, бахусус ҷараёни салафия аз роҳи қонунӣ мутаваққиф карда шавад. Ӯ гуфтааст, дар кишварҳои исломӣ нисбати чунин ҷараёнҳои хатарзо чораҳои қонунӣ андешида, фаъолияти онҳо баста мешавад. Богдасаров  афзудааст: «Дар он ҷо (манзур кишварҳои исломӣ) барои ин ба зиндон кашида мешаванд, масҷидҳоро мебанданд, Дар мо чунин қонунҳо мавҷуд нест!»

Ёдовар мешавем, ки ҳукумати Тоҷикистон низ бо эълони соли бузуругдошти Имоми Аъзам ва баргузории як анҷумани байнулмиллалӣ дар ин мавзӯъ фаъолияти ҷараёнҳои дигари исломӣ, аз қабили салафия ва як гурӯҳеро бо номи «Ҷамоати таблиғ»  зиддиқонунӣ арзёбӣ карда, теъдоди бузурги тарафдоронашонро барои муддатҳои зиёд ба маҳкама кашида буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!