Бахшҳо
11 апр 2014 12:07Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Эътироз аз дахолати омӯзгорони ДДОТ ба тугмаи духтарон

Бархе аз духтарони донишҷӯ дар Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон аз он шикоят доранд, ки масъулон ба тугмаи пироҳанашон низ дахл карда, аз онҳо баёнот мегиранд. Волидони ин гуруҳи духтарон мегӯянд, “агар чунин талаботи бемантиқу беасос идома ёбанд, аз болои масъулини донишгоҳ ба додситонию додгоҳ муроҷиат хоҳем кард”.

Зарринаи Холназар, донишҷӯи соли аввали факултаи романӣ-германии Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ дар сӯҳбат бо хабарнигори “Озодагон” гуфт, 9 апрел масъули донишгоҳ оид ба таълиму тарбия ӯро водор кардааст, барои тугмаи камзӯлаш баёнот бинависад. Ӯ дар шарҳи қазия афзуд, ҳангоме аз долони факулта мегузашт, муаллима ӯро нигоҳ дошта, тугмаи камзӯлашро тафтиш кардааст. “Муаллима баъд аз он ки дид пойафзолам пошнаи баланд дорад ва дигар ягон камбуд дар сару либосам нест, гуфт, тугмаи камзӯлат ба ман маъқул нест. Гир баёнот навис...”,-нақл кард Заррина.

Зарринаи Холназар афзуд, ин эроди муаллима дар ҳолест, ки ду ҳафта боз дарси психология (равоншиносӣ) намегузаранд, аммо ягон масъул парвои онро надорад: “Як сол мешавад, ки таҳсил мекунам. Ягон муаллим оид ба таълиму тарбияро надидам, ки бо муомилаи хуш суҳбат кунад. Ҳамааш дағалона муносибат мекунанд. Аз ин муносибаташон фикр мекунӣ, ки дар ягон мактаби душвортарбияҳо таҳсил дорӣ.”

Хадича Холиқова, модари Заррина, дар суҳбат ба “Озодагон” аз низоми сару либос дар Донишгоҳи омӯзгорӣ, ки барои як тугма водор мекунанд баёнот нависанду нисбат ба таълим камтаваҷҷуҳанд, шикоят кард: “Куртаи гулдор, юбкаи дароз, туфлии бе пошна напӯшед мегӯянд. Бо мегӯянд, ки атри қиммат занед, ман ҳеч ин низомро нафаҳмидам. Мо ҳам ҳар рӯз аз куҷо пул меёбем, ки ин ҳама талаботи Донишгоҳро иҷро кунем. Ҳар рӯз баъд аз дарс ба ҷое, ки фикри дарсро кунанд, меоянду пагоҳ чӣ пӯшида равем мегӯянд. Бас аст!”

Ин дар ҳолест, ки масъулини Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон эродгирӣ аз тугмаро рад карда, таъкид карданд, ки норозигишон бештар аз кӯтоҳии камзӯли Заррина Холназарова будааст.

Қаблан низ масъулини Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон як гуруҳи донишҷӯдухтаронро ба далели пошнаи пасташон ба дарсҳо роҳ надода буданд. Искандар Аминов, муовини раиси Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон дар шарҳи роҳ наёфтани донишҷӯдухтарон бо пойафзоли паст (балетка) ба “Озодагон” гуфт, ин иқдом танҳо ба хотири ҳифзи саломатии онҳо мебошад: “Пойафзоли пошнапаст - “балетка” дар чунин фаслҳо метавонад ба саломатии духтарон таъсир расонад, ба ҳамин хотир мо онро манъ кардем. Духтарон оянда модар ҳастанд, роҳравҳои мо пур аз об аст, бо чунин пойафзол онҳо метавонанд саломатиашонро аз даст диҳанд. Хуб мешуд, ки пойафзоли пошнабаланд пӯшанд. Субҳи имрӯз 6 нафар донишҷӯдухтарро ба дарс иҷозат надоданд, хонаҳояшон, ки наздик буд рафта пойафзоли пастпошнаашонро иваз карда омаданд.”

Искандар Аминов афзуд, бар асоси низомномаи сару либоси Донишгоҳ ва қарори Шӯрои олимон, ки ҳар як донишҷӯ пеш аз дохил шудан бо он ошно мешавад, пӯшидани пойафзоли паст манъ шуда, либоси расмӣ ҳатмӣ аст.
Мӯҳр
нонм
ох илм ох илм кучо шуди

ин бечораи Рахмонова аз вазифаи вазири гирифтан дигар намедонад, ки чи кор кунад

бечоар Рахмонов хай дигар чикор кунад, ки пресса аз номи у ягончи нависад

Шухрат Донишчу
Хамин ректори ДОТ дигар кор надора, чи ба чое,ки савод талаб кунад пошнаи туфлии духтарона назорат мекунад. Хамин Абдучабор Рахмонов вакте, ки вазир буд хамин нагмара баровард. Ин ахмакгарира аз кучо вай ёд гирифта бошад... Шумо як маротиба хамон муалимои худатона назорат кунед ку бе взятка яготаш кор мекнан... Бовар кунед ин аз он далел медихад, ки ректор одами бесавод аст факат ба сару либоси донишчуён назорат мекунад!!!!!!!!!!!!!!!

ы
донишгохи омузгори омузгор неву мадилерка тайёр мекнанку хама соф бесаводи махшара бади хати донишгох равон мекунанду онхо ба талабахо пошнаи баланду мини юпка пушира меомузонан.и праректр руша сиёх мекна саломатида зарар дора дар уча бачохошонам каблук баланд мепушан бад ин хамаш фахмоаст барои чи ин хел мекунанд.

донишчу
Пез аз сару либосро тафтиш кардан дар мактибхои оли дар мадди аввал саломати, дониш ва интизом меистад. Чаро акли мо намегирад.

Тани одами шариф аст ба чони одамият,
На хамин либоси зебо нишони одамият.
Дигар давлатхо пеш рафтанд мо бошем тугмаву пошана гуфта гаштем.

Мо аз прессава хам безор шудам. Дуруг мегуянд. Сиёхро сафеду сафедро сиёх мекунанд. Ту хам Озодагон хамин хелй. Пресса шуда чй факат Абдучаббор Рахмоновро овозадор мекунад?! Хайфи чунин Ректор, Мегуянд, ки Вазорати маорифро чазир кард, навбат ба институти овозадори Шевченко-Кандил Чураев -устод Айнй расид. Хайфи чунин марду рохбар. Фарзандонамон хар руз махзун аз дарс меоянду бо машакат ба дарс мераванд. Аз "чосусй"-хои Ректор ва лаганбардорони у дилашон аз хондан мондааст. Боз онхо муаллимони оянда мешаванду такдири насли наврас ба зимаашон меафтад. Ба фикрам Президент гушамон намекунад, чунки Абдучаббор Рахмонов кадри уст. Додамонро ба кй гуем мухтарам Озодагон!? Ба Барак Обам, Путин ё ба суди Гаага?! Хамин навиштагихои шуморо Президент ва шахсони масъул мехонанд ё не?! Чаро чунин бенизомию беаклй дар дигар донишгоху донишкадахо нест?! Ба фикри мо дар ончо кадрхо нишастаанд ва масъулият доранд. Озодгар бошй чоп кун!

Киров
Шуморо тарбия доданд, бо муалимхо гунахкор.хечтон наган Тани луч мегардед.барои фоидатон гаптон мезанан.

Хоиш
Озодагон илимос сурати хамон тугмаро гирифта монед, то биним кучош гайриконуни бошад. Яке шабехи бомбаи атоми бошад.

М
Баракс рохбарияти донишгох барои "тани луч" гаштани духтарон мусоидат карда истодааст. Бо либоси милли дарозу махкам ба дарс раванд, онхоро пеш мекунед. Худи хамин ректор замони вазир буданаш духтарону модарони хичобдорро "зоги сиёх" гуфта буд. Барои ин тахкираш бояд у аз кулли занон узр пурсад, вагарна касе уро нахохад бахшид.

Ширин
Дар дигар давлатхо чиро назорат доранду мо чиро? Эхххх вой кай мо корро ёд мегирифта бошем???

ABDULLOH.
DONISHGOHRO BA SIRK TABDIL MEDODED XUBTAR BUD! KASE NEST KI HAMIN PODABONHORO BA PODABONI JALB KUNAD.

Донишчу
фаромуш кардаанд ки беномусиву бадахлоки пеш аз хама домани фарзандони худашонро гирифтаас

Асо
Ин миллатро фохиша кардаанд!

Муаллим
И Абдучаббор гузаронд ку! Ба чойи пеши рохи коррупсияро гирифтан, ки барои имтихону санчишхо муаллимон пул меситонанд, ва ташкили дарси психология (чанд руз боз дарси ин фан нест) ба тугма часпиданд. Айб аст огои ректор Абдучаббор!

Маколахои антидонишгохи омузгориро дар "Озодагон" хонда, ба хулосае омадам, ки хамааш махсус ташкил карда шудаанд, агар ин хел набошад, магар хамин хам гапу хабар шуд?! Медонам, ки А.Рахмоновро бисёри журналистон дуст намедоранд, чунки гаразхои шахси доранд. Ба назари ман, "Озодагон" хам аз кучое, аз кадом хочаеаш супориш гирифтааст ва бояд ичро кунад. Аз ин чихат аз таги нохун чирк мекобад. Агар ин тавр набошад, чаро як бор хам аз пешрафту ободонии кардаи Рахмонов дар донишгох наменависанд? Ё чаро аз захматхои Рахмонов дар чодаи тачдиди накшахои таълими, тахияи дастурхои илмию методи, Таълифи низомномахои ба талабот чавобгу ва гайраву хоказо ягон маротиба наменависанд? Хамааш чун об равшан аст.
"Озодагон" агар даъвои озод будан дори, бе каму кост чоп кун.

Охохо! Абдучаббор Рахмонов аз Пётри як хам гузхаронд ку! Зебаш чойи Путин аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)