Бахшҳо

Коршинос: “Новобаста аз талошҳои Кабирӣ бозорро мегиранд”

Ҳумайрои БАХТИЁР

Коршиносони мустақили тоҷик бовар надоранд, додгоҳи шаҳри Турсунзода барои ташхис ва муайян кардани арзиши бозори “Саховат”, ки ба хонаводаи Муҳиддин Кабирӣ -- раиси Ҳизби наҳзати исломӣ марбут аст, намояндагонро аз хориҷа даъват кунад. Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари тоҷик, дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, “мисоли одӣ метавонад қазияи Зайд Саидов бошад”.

Муллоҷонов дар идома афзуд, ҳатто коршиносони байналмилалӣ ҳам дар ин маврид метавонанд кори худро холисона анҷом надиҳанд: “Ин вобаста аз он аст, ки кадом тараф, яъне даъвогар ё ҷавобгар коршиносонро даъват мекунад. Миёни онҳо низ бовиҷдону бевиҷдонҳо зиёданд. Новобаста аз талошҳои Муҳиддин Кабирӣ ин бозорро мегиранд. Ин маълум аст.”

Пешниҳоди даъвати коршиносон аз хориҷа барои муайян кардани арзиши бозори “Саховат” аз сӯи Муҳиддин Кабирӣ дар мурофиаи рӯзи 10 апрел садо додааст. Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи оқои Кабирӣ, гуфт, “коршиноси дохилӣ – Икром Кузиев ба муаяйн кардани арзиши бозори “Саховат” машғул буд. Аммо Кузиев шикоят кард, ки кори худро анҷом дода натавонист, чун якуним моҳ кам аст. Илова бар ин, додгоҳ фишор меовард, то ин коршинос корашро зудтар анҷом диҳад.” Дар ҳоле ки ба қавли вакили мудофеъ, барои дақиқ кардани арзиши ин бозор камаш 6 моҳ вақт зарур аст.

Дар оғози моҳи апрели соли ҷорӣ додгоҳи шаҳри Турсунзода бо даъвои Оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ мурофиаи бозори “Саховат”-ро оғоз намуд. Оҷонсии зидди фасод гуфтааст, бозори “Саховат”, ки ба хонаводаи Кабирӣ тааллуқ дорад, ба далели камбуд дар санадгузорияш бояд аз соҳибмулкони феълияш гирифта шавад. Аммо Муҳиддин Кабирӣ зимни суханронии худ дар додгоҳ оғози парвандаро нисбат ба моликияти хонаводагиаш “супоришӣ” ва сиёсӣ” хонда буд.

Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи Муҳиддин Кабирӣ, мегӯяд, мақомот намехоҳанд, бозорро тахриб кунанд, аммо мехоҳанд онро ғайриқонунӣ эълон карда, аз соҳибмулки феълиаш бигиранд. “Яке аз далели мақомоти ноҳияи Турсунзода ин буд, ки барои баргузории чорабиниҳои варзишӣ онҳо майдон надоранд ва дар ҳолатҳои зарурӣ аз майдонҳои хусусӣ иҷора мегиранд, ки пардохти маблағ барояшон вазнин аст. Муҳиддин Кабирӣ гуфт, агар мақомоти Турсунзода замин ҷудо кунанд, ӯ омодааст майдони варзиширо аз ҳисоби худ бунёд кунад. Вале инро рад карданд ва гуфтанд, ки ин бозор бояд ба ҳисоби давлат баргардонида шавад ва ҳар вақте имконият шуд, мақомот худ майдонро бунёд мекунад”,-илова кард Ёров.

Дар идомаи мурофиа Муҳиддин Кабирӣ гуфтааст, омодааст, маблағи иҷора барои чорабиниҳои варзиширо низ пардохт кунад, танҳо бар ивази тахриб накардани бозори “Саховат”, ки онҷо 700 нафар соҳибкор фаъолият дорад.
Мӯҳр
Кабири мисли марди хикики гуфтааст даркор бошад майдони варзиши месозам. Аммо инчо сиёсат аст на масъалаи майдони варзиши.

Точир
Номаъкул карданд ки бозорро мегиранд магар 700 нафар мурданд ки бозорро мегирифтаанд. мо бачаву хонаву зиндаги дорем. хукумат метавонад моро хуронад? Барои чи бозорхое ки аз хешутабори президентанд намегиранд, чанд нафар мардуми бечора дар хаминчо сохиби каме нону хурок шуд

мухочир
Офарин Кабири Худованд Шуморо дар панохаш нигох дорад максади хукуматдорон маълум шуд онхо ободиро намехоханд

кабири ин катар пулро аз кучо ефта бошаду бо хочагонаш пул чам кара гаштас дя

хатлон
устоди гироми бароят пеш аз хама сабр ва тахамулро мехохам ин нишонаи дар рох устувории шумо аст ва рузи нусрат наздик аст умед дорем дар ивази ин бозор худованд 700 бозор дар чанат бароят омода карда аст ва дигар аллох хар касро микдори имонаш месанчад.

Устод хар суханш тиру тупай охи и сухано "майдонша месозем е ичора гиран пардохт мекнем" девона мекна макомота макомоте ки имконшава мекнем мега имкон соли 20...? Меша Яне Устод таеран агар нохак бошан пардохт кнан

Шери нар шери нарай, сухани бехтарина задаст Мухиддин Кабири, лек ма Хайронам ки дар махалаи мо Душанбе 2-юм советский ру баруи богчаи бачагона пеши мошинбозор майдони барои футбол бози буд хозир таввакуфгохи наклиёти сохтанд дигаре пораи замина депутат Исмаил Талбаков хонаи 3-4 ошёна бардоштаст ба ичора додааст хичка сухан намекунад. Барои ЧИ? Аз озодагон хохиш мекардем ки хами масъаларохам дида бароянд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)